Ҷустуҷу
-
Май 17, 2018
Муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон дар номаи расмӣ ба сафири Амрико дар Тошканд, аз афзоиши ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи ҷанубии ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
-
Май 17, 2018
Сарпарасти Пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони ислом (ISC) бо ишора ба интишори рутбабанддии ҷадиди «Лейден» дар соли 2018, афзуд, тибқи ин рутбабандӣ, 23 донишгоҳ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи 938 донишгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.
-
Май 17, 2018
Дар ҷадидтарин рейтинги Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), тими футболи Эрон, ҳамчунон дар раддаи нахусти Осиё қарор дорад.
-
Май 17, 2018
Сарони 28 кишвари Иттиҳодияи Аврупо дар бораи "руйкарди муттаҳид" барои наҷоти БАРҶОМ тавофуқ карданд. Онон рӯзи чаҳоршанбе дар нишатси София, пойтахти Булғористон барои наҷоти тавофуқи ҳастаии Эрон, ки дар соли 2015 дар Вена имзо шуд, дар ҳимоят аз ин тавофуқ яксадо шуданд.
-
Май 17, 2018
Тавре сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе Дилшод Махсумов хабар дод, баҳри ғановати дастурхони сокинони пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби сохторҳои марбута дар ҳамаи бозорҳои шаҳр аз болои нархи маҳсулоти ниёзи аввалия назорати қатъӣ бурда мешавад.
-
Май 17, 2018
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи дарёфти қарзи 25 миллиону 500 ҳазор долларӣ аз Кувайтро барои такмили тарҳи бозсозии роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хум тасвиб кард.
-
Май 17, 2018
Манобеи Вазорати адлияи Русия аз ироаи тарҳи ҷадид барои муҷозоти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар хабар доданд, ки илова бар иҷозатномаи кор бояд қарордоди ҳамкорӣ бо корфарморо низ дошта бошанд.
-
Май 16, 2018
Амрико бори дигар бистари ҷинояте ҳавлнок бадасти режими Исроил алайҳи миллати Фаластинро фароҳам карданд.
-
Май 16, 2018
Садҳо сокини Телавив сешанбе шаб дар эътироз ба куштори мардуми Ғазза ба дасти низомиёни саҳюнист тазоҳурот карданд.
-
Май 16, 2018
Бунёди интихоботи озод ва одилонаи Афғонистон мавсум ба “Фифа” таваққуфи раванди сабти номи раъйдиҳандагони интихоботи парлумонии ин кишварро хостор шуд.
-
Май 16, 2018
Се кишвари Эрон, Русия ва Туркия ба унвони тазминкунандагони тавофуқҳои Остона дар баёнияе муштарак, бар ваҳдат, истиқлол ва якпорчагии сарзаминии Сурия таъкид карданд.
-
Май 16, 2018
Толибон минтақаи муҳим ва ҳассоси Дарраи Буми вилояти Бодғис дар шимоли Афғонистонро ишғол карданд.
-
Май 16, 2018
Хабарнигори зани шабакаи телевизионии Ал-Олам дар ҳоли мухобираи хабари ҳамлаи сарбозони режими саҳюнистӣ ба самти фаластиниҳо, бар асари истиншоқ(буйидан)-и гози ашковар аз ҳол рафт.
-
Май 16, 2018
Рӯзномаи "Ню-Йорк Дейлӣ Нюз" аз хандаҳои духтари Трамп дар рузе, ки фаластиниён дар Ғазза кушта мешуданд, ибрози таъаҷҷуб ва ҳайрат кард.
-
Май 16, 2018
Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон эълом кардаанд, танҳо дар се моҳи аввали соли 2018 дар Тоҷикистон, се ҳазору 43 хонавода аз ҳам пошида шудаанд.
-
Май 16, 2018
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар изҳороте, хунрезӣ ва куштори фаластиниёнро дар навори Ғазза ба дасти режими саҳюнистӣ, қотеъона маҳкум кард.
-
Май 16, 2018
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар Брюссел ҳузур дорад, бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Италия, Булғория,Утриш ва Испания телефонӣ дар бораи ҳифзи БАРҶОМ гуфтугӯ кард.
-
Май 15, 2018
Имрӯз дар чорчуби сафари расмии Александ Лукошенко ба Тоҷикистон тарафҳо 15 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд.
-
Май 15, 2018
Гурӯҳҳои террористии ҳозир дар устони Даръо дар ҷануби Сурия дар паи шикастҳои паёпай аз нерӯҳои давлатӣ, ташкилоти мусаллаҳи ҷадидеро ташкил доданд.