Ҷустуҷу
-
Май 14, 2018
Ҳамоиши байналмилалии уфуқҳои ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор шуд.
-
Май 13, 2018
Бо афзоиши нигарониҳо дар бораи ҳузури ДИИШ дар Афғонистон, ахбори зидду нақизе аз сӯи Амрико ба гуш мерасад.
-
Май 13, 2018
Як рӯзномаи чоппи Кобул аз ҳузури эҳтимолии саркардаи гуруҳи такфирии ДИИШ бо ҳимояти Амрико дар шарқи Афғонистон хабар дод.
-
Май 10, 2018
Аз замони оғози раванди сабти ном аз мардуми Афғонистон барои ширкат дар интихобот, чандин иттифоқи террористӣ дар ин кишвар рӯй додааст, ки дар натиҷаи он чандин тан аз афроди ғайринизомӣ ба хоку хун кашида шудаанд.
-
Май 10, 2018
Дар заминларзаи рӯзи чаҳоршанбе, сад хона дар вилояти Тахори Афғонистон вайрон шуд.
-
Май 10, 2018
Тарҳи ҷадиди ҳисоркашии навори марзии Покистон бо Афғонистон дар иёлати Балучистон оғоз шуд.
-
Май 09, 2018
Манобеи хабарӣ аз суқути шаҳристони Тола ва Барфак дар вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон дар ҳамалоти густардаи Толибон хабар доданд.
-
Май 08, 2018
Дар ноҳияи Фархор ҳаштумин постгоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, ки бо ибтикор ва ҳазинаи хориҷӣ сохта шудааст, ифтитоҳ гардид.
-
Май 07, 2018
Натоиҷи назарсанҷии ҷадиди Идораи маркази омори Афғонистон нишон медиҳад, беш аз ниме аз мардуми ин кишвар зери хати фақр ҳастанд.
-
Май 05, 2018
Вазорати дифои Амрико (Пентагон) хоҳони ҳамкории Покистон барои барқарории амният дар Афғонистон шуд.
-
Май 05, 2018
Мақомоти Русия ва Амрико дар Конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм ва ифротгарии хушунатомез, дар бораи ҳузури аъзоии гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон арзёбиҳои мутаноқизе ироа карданд.
-
Май 04, 2018
Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Террористҳое аз милиятҳои мухталиф пас аз шикаст дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия ба Афғонистон мунтақил шудаанд ва ин кишварро ба майдони тохтутози терроризми байналмилалӣ табдил кардаанд.
-
Май 03, 2018
40 духтари донишомӯзи афғон дар яке аз мадориси вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон, ба таври шубҳанок заҳролуд шуданд.
-
Май 03, 2018
Супоридани шиносномаҳои ҷадиди электронӣ дар Афғонистон бо ҳузури раисиҷумҳури ин кишвар, оғоз шуд.
-
Apr 30, 2018
Бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар вилояти Қандаҳори ҷануби Афғонистон, ёздаҳ кӯдаки афғон ҷон бохтанд ва панҷ низомии Руминия захмӣ шуданд.
-
Apr 26, 2018
Артиши Чин барои таҷҳизи неруҳои артиши Афғонистон эъломи омодагӣ кардааст.
-
Apr 25, 2018
Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар паи бадтар шудани авзои амниятӣ ва куштори рӯзафзуни ғайринизомиён дар ин кишвар, интихоботи парлумон ва шӯроҳои вилоятиро таҳрим кард.
-
Apr 25, 2018
Комиссияи интихоботи Афғонистон аз уламои динӣ хост, то мардумро барои ширкати густарда дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятӣ ташвиқ кунанд.
-
Apr 25, 2018
Ду шаҳрванди зани Русия, ки дар Афғонистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ифротии Ансоруллоҳ зиндонӣ буданд, ба ҳамроҳи кӯдакони хурдсоли худ ба кишварашон бозгаштанд.
-
Apr 24, 2018
Нахустин нишасти гуфтугӯҳои фарҳангии Эрону Афғонистон, ки дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Кобул оғоз шуда буд, рӯзи душанбе ба кори худ поён дод.