Ҷустуҷу
-
Jul 08, 2018
Манобеи баҳрайнӣ эълом карданд, визаи яксола барои Оятуллоҳ Исо Қосим содир шудааст ва вай то сооте дигар барои дармон ба хориҷ эъзом хоҳад шуд.
-
Jul 07, 2018
Чин бо ихтисоси маблағи 63 миллион доллар 3 нерӯгоҳи барқӣ-обии Узбакистонро модерниза мекунад.
-
Jul 07, 2018
Раиси Палатаи савдои Тоҷикистон ва сафири Қазоқистон дар Душанбе дидор ва тақвияти равобит тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Jul 07, 2018
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иддаои зиддэронии вазири хориҷаи Фаронса таъкид кард: Фаъолиятҳои мушакии Эрон бахше аз сиёсати боздорандагӣ ва барои таъмини манофеи миллӣ ва дифоъ аз киён ва қаламрави кишвар аст.
-
Jul 07, 2018
Панҷумин намоишгоҳи байналмиллалии "Суғд-2018" дар шаҳри Хуҷанд барпо шудасст.
-
Jul 07, 2018
Даргирӣ ва занозании гуруҳӣ миёни донишҷӯёни тоҷик ва афғон дар хобгоҳи Донишгоҳи Федералии Урал-и шаҳри Экатеринбурки Русия, ду рӯз ба тул анҷомид ва дар ниҳоят бо дахолати маъмурони амниятии донишгоҳ хотима ёфт.
-
Jul 07, 2018
Вазири умури хориҷаи Баҳрайн эълом кард, подшоҳи ин кишвар бо сафари шайх Исо Қосим ба хориҷ аз кишвар барои мудово мувофиқат кардааст.
-
Jul 07, 2018
Дидори тимҳои миллии футболи Бразилия ва Белгия дар рақобатҳои марҳилаи якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2018-и Русия, ба бурди Белгия бо натиҷаи 2 бар 1 хотима ёфт.
-
Jul 07, 2018
Аксари коршиносони тоҷик муътақиданд, давлати Тоҷикистон бояд ба ҷойи танзими қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар, нархи сӯхтро танзим мекард.
-
Jul 07, 2018
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Jul 06, 2018
Гумруки Тоҷикистон воридот ва содироти молу маҳсулот аз Узбакистонро ба таври шадид ва бесобиқае маҳдуд кард.
-
Jul 06, 2018
Утоқи бозаргонии Тоҷикистон аз баргузории як намоишгоҳи байналмилалӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
-
Jul 06, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Эмануэл Макрон раиси ҷумҳурии Фаронса бо ишора ба баррасии бастаи пешниҳодии се кишвари аврупоӣ дар бораи БАРҶОМ аз сӯи Эрон, бар зарурати таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба нукоти мадди назар ва таъмини хостаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои идомаи раванди ҳамкориҳо дар нишасти рӯзи ҷумъаи вазирони хориҷаи Эрон ва 4+1 дар Вена, таъкид кард.
-
Jul 06, 2018
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи ҷумъа дар оғози вуруд ба Вена барои ширкат дар нишасти комиссияи муштараки вазирони хориҷаи узви БАРҶОМ, бо таъкид бар ин ки Иттиҳодияи Аврупо дар баробари ироаи бастаи иқтисодӣ ба Эрон хостаи ҷадиде надорад, гуфт: Танҳо хостаи Иттиҳодияи Аврупо аз Эрон, пойбандӣ ба БАРҶОМ аст.
-
Jul 05, 2018
Ҳамкорамон Халилӣ дар гузорише вижа ба ин мавзуъ пардохтааст:
-
Jul 05, 2018
Шоҳмансури Шоҳмирзо шоир, нависанда, мутарҷим ва намояндаи фарҳангии Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии Эко, меҳмони Радио Эрон (як шабакаи радиоӣ дар Эрон) хоҳад буд.
-
Jul 05, 2018
Узбакистон аз 15 июл ба шаҳрвандони 101 кишвари ҷаҳон ҳаққи сафари бидуни виза ба муҳлати то 5 рӯз медиҳад. Ин иқдом имкон медиҳад, то сайёҳоне ки мехоҳанд якбора чанд кишвари Осиёи Марказиро бубинанд, аз Узбакистон низ боздид кунанд ваё тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар сафар кунанд.
-
Jul 05, 2018
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Юкиё Амону, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Вена таъкид кард: "агар ба ҳуқуқи миллати худ дар БарҶом нарасем, дар ҳар шароите тасмими ҷадиде хоҳем гирифт".
-
Jul 05, 2018
Муовини умури байналмилали Вазорати нафти Эрон гуфт: Тавофуқномаи ҳамкории энержии байни Эрон ва Австрия дар заминаи ҳамкориҳои нафтӣ, омӯзишӣ ва сармоягузорӣ дар ҳавзаи энержиҳои ҷойгузин, тамдид шуд.
-
Jul 05, 2018
Бархӯрди як мошин ба як пиёдагард дар шаҳри Сочи, яке аз шаҳрҳое, ки мусобиқоти футболи Ҷоми Ҷаҳонии 2018 дар он баргузор мешавад, дастикам як кушта бар ҷо гузошт.