Ҷустуҷу
-
Nov 26, 2016
Дар ҳоле, ки орои мардумии номзади мағлуби интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз пирӯзии ин интихобот бештар шуда, натоиҷи интихобот дар се иёлоти калидӣ аз сӯи яке дигар аз номзадҳои ин рақобати ҷанҷолӣ зери савол рафтааст.
-
Nov 24, 2016
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бори дигар ба эҳтимоли вуқӯи ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон таъкид кард ва аз шаҳрвандони худ дар ин кишвар хост, то зимни ҳузур дар ҷойҳои серодам ва сафар ба манотиқи дурдаст аз эҳтиёт кор бигиранд.
-
Nov 24, 2016
Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико аз раисҷумҳури тозаинхоби ин кишвар хост, то тавофуқи ҳастаии “Гурӯҳи 5+1”-ро бо Эрон иҷро кунад.
-
Nov 23, 2016
Бо вуҷуди шуруи зудҳангоми фасли сармо ва бориши барф дар ин кишвар, токунун барои мардуми шаҳри Душанбе мушкилоти хосе ба вуҷуд наёмадааст.
-
Nov 23, 2016
Додситони Девони кайфарии байналмилалӣ талош дорад, террористҳои узви гурӯҳи ДИИШ-ро муҳокима кунад.
-
Nov 23, 2016
Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ аз болои қарори суд дар бораи пардохти зиён ба сарбоз шикоят бурданист.
-
Nov 21, 2016
Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои узви ин созмон даъват кард, то барои расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ба Афғонистон бештар ҳамкорӣ кунанд.
-
Nov 21, 2016
Як пизишки фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон гуфт, давлат бо костан аз шумори кормандоне, ки кори муфиде анҷом намедиҳанд, бахше аз ҳазинаи беморони қалбиро таъмин кунад.
-
Nov 20, 2016
Раиси ҷумҳурии Туркия аз тамоюли ин кишвар барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай хабар дод.
-
Nov 20, 2016
Вазири умури динӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон ба чораандешӣ барои истифода аз абзорҳои қонунӣ баҳри мамнуияти фаъолияти гурӯҳҳои ифротии ваҳҳобӣ ва салафӣ дар ин кишвар таъкид кард.
-
Nov 19, 2016
Бонки ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ эъломи омодагӣ кард.
-
Nov 18, 2016
Ҷумҳурии халқии Чин дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон 12 посгоҳ ва бурҷи дидабонӣ барои марзбонони тоҷик бунёд хоҳад кард.
-
Nov 17, 2016
Ҳукумати Покистон хостори бозгашти довталабонаи муҳоҷирони афғон ба кишварашон шудааст. Ин дар ҳолест, ки наздик ба 3 миллион нафар аз муҳоҷирони Афғонистон дар Покистон зиндагӣ мекунанд.
-
Nov 17, 2016
Нерӯҳои басиҷи мардумӣ (Ҳашд –уш-шаъбӣ )-и Ироқ дар ҷараёни амалиёти озодсозии Мусил, муваффақияти роҳбурдӣ касб карданд ва фурӯдгоҳи низомии шаҳри туркманнишини Талл-Афарро аз диишиҳо пас гирифтанд.
-
Nov 17, 2016
Бонки Рушди Осиё (ADB) ва Вазорати молияи Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи мудирияти манобеи об дар рӯдхонаи Панҷ, қарордоди молӣ имзо карданд.
-
Nov 17, 2016
Сафири Русия дар Эрон гуфт, намоиши ҳавоии муштараки Эрон ва Русия паёми таҳдид барои терроризми байналмилалӣ ва паёми сулҳу дӯстӣ барои кишварҳои минтақа аст.
-
Nov 17, 2016
Коршиносони ширкати байналмилалии “International SOS и control risks”, 4 кишвари минтақаи Осиёи Марказиро барои гардишгарони хориҷӣ хатарнок тавсиф кардаанд, ки Тоҷикистон низ дар миёни ин ҷумҳуриҳо қарор гирифтааст.
-
Nov 14, 2016
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи созишнома миёни ин кишвар ва Чин, дар мавриди бунёди дидбонгоҳҳои марзиро барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод кардааст.
-
Nov 14, 2016
Додгоҳи вилояти Хатлон узви собиқи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба 12 сол зиндон маҳкум кард.
-
Nov 13, 2016
Як сенатори амрикоӣ эълом кард, Арабистони Саудӣ барои тарвиҷи ваҳҳобият миллиардҳо доллар ҳазина кардааст.