Ҷустуҷу
-
Nov 26, 2017
Генерал John Joseph Nicholson, фармондеҳи аршади низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон ба нокомии кишвараш дар ин кишвар изъон кард ва гуфт, мо бо бунбаст мувоҷиҳ шудаем.
-
Nov 24, 2017
Ноамнӣ ва хушунат се миллиони кӯдаки афғонро аз таҳсил боздоштааст, ки бештари онҳо духтар мебошанд.
-
Nov 24, 2017
Гурӯҳи террористии ДИИШ 15 нафар аз аъзои худро дар вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон сар бурид.
-
Nov 20, 2017
Нерӯҳои амниятии афғон як анбори бузурги силоҳу муҳимоти гурӯҳи террористии Ҳаққониро дар шаҳристони Самканӣ дар устони Пактиа, ҷануби шарқи Афғонистон кашф карданд.
-
Nov 20, 2017
Мардуми вилояти Кунар, шарқи Афғонистон бо ба даст гирифтани силоҳ ба муқобила бо гурӯҳи террористии ДИИШ бархостаанд.
-
Nov 20, 2017
Раиси иҷроии давлати Афғонистон ба нақл аз мақомоти русӣ гуфт: Амрико гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Афғонистон ба вуҷуд овардааст.
-
Nov 18, 2017
Чанде аст, ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон бархе аз наздикон ва мушовирони худро, ки бо рӯйкарди давлат мухолиф ҳастанд ва бар он интиқод мекунанд аз кор бар канор мекунад.
-
Nov 18, 2017
Муовини Маҷлиси миллии Афғонистон, лағви паймони амниятии ин кишвар бо Амрикоро хостор шуд.
-
Nov 16, 2017
Дафтари ҷиноят ва маводи мухаддири СММ ва вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон дар гузорише, аз афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар хабар доданд.
-
Nov 16, 2017
Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), аз барномаи ин созмон барои афзоиши неруҳои ин созмон дар Афғонистон ба 16 ҳазор нафар то соли 2018 хабар дод.
-
Nov 15, 2017
Сафири Русия дар Тоҷикистон бар зарурати омодагӣ барои муқобила бо ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба ин кишвар таъкид кард.
-
Nov 13, 2017
Бархе аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон эълом карданд, Гулбиддин Ҳикматёр бо доман задан ба ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ талош мекунад, то Афғонистонро ба даврони ҷангҳои дохилӣ бозгардонад.
-
Nov 11, 2017
Раиси ҳизби Муҳози миллии Афғонистон аз сиёсатҳои нокоромади давлати Ашраф Ғанӣ интиқод кард.
-
Nov 08, 2017
Кумитаи баррасии вазъи гуруснагии Афғонистон эълом кард, наздик ба чиҳил дарсади мардуми ин кишвар бо гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекунанд.
-
Nov 08, 2017
Гурӯҳи террористии ДИИШ дар баёнияе масъулияти террори дипломати покистонӣ дар Ҷалолободи Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.
-
Nov 06, 2017
Нерӯҳои амниятии Афғонистон, як устоди донишгоҳи вилояти Парвон ин кишварро ба иттиҳоми талош барои иҷрои ҳамлаи террористӣ боздошт карданд.
-
Nov 06, 2017
Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, 1500 ҷилд китоби марҷаъро ба Донишгоҳи Ҳироти Афғонистон эҳдо кард.
-
Nov 05, 2017
Намояндагони Маҷлиси милли Афғонистон ҳушдор доданд, дафтарҳои шабакаи BBC (Бӣ Бӣ Сӣ)-и Англияро дар Афғонистон хоҳанд баст.
-
Nov 05, 2017
Бо поёни дидори раиси ҷумҳурии Туркманистон аз Тоҷикистон, мақомоти ду кишвар бар зарурати такмили тарҳи сохти роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ва Тоҷикистон таъкид карданд.
-
Nov 02, 2017
Сафорати Амрико дар Кобул судури раводиди ин кишварро барои намояндагони Маҷлиси Афғонистон мутаваққиф кард.