Ҷустуҷу
-
Jul 26, 2016
Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз бо ҳамтои ганаии худ дар Аккраи пойтахт дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Jul 26, 2016
Парлумони режими саҳюнистӣ пешнависи қонуни ҳабси кӯдакони зери 14 солро тасвиб кард.
-
Jul 26, 2016
Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия бо ҳушдори муҷаддад ба мақомоти Қирғизистон дар бораи фаъолияти муассисоти вобаста ба Гулен дар ин кишвар гуфт: "Нуфузи созмони Гулен дар Қирғизистон ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки дар суфуфи он бархе сиёсатмадорон ҳузур доранд".
-
Jul 25, 2016
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон, дар пайи ду инфиҷор дар нуқоти фурӯши гази мойеъ, ду нафар ҷони худро аз даст доданд.
-
Jul 25, 2016
Бори дигар террористҳо дар Афғонистон хӯни беш аз 80 бегӯноҳро бар замин рехтанд, то амнияти ин кишварро ба бозӣ гирифта бошанд, аммо мақомоти Афғонистон барои маҳори фитнаи террористҳо бекор нахоҳанд нишаст.
-
Jul 25, 2016
Парвандаи ҷиноии подполковник (сарҳанги дуввум) Назир Назиров, сардори Идораи мубориза бо қочоқи инсони Вазорати дохила дар вилояти Хатлон ба иттиҳоми дарёфти ришва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
-
Jul 24, 2016
Як узви дафтари сиёсии Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин дар бораи паёмадҳои хатарноки дидори ҳайати саудӣ бо мақомоти саҳюнистӣ хабар дод.
-
Jul 24, 2016
Дар маросими ҳамбастагии мардуми Баҳрайн бо раҳбари шиаёни ин кишвар, нерӯҳои Оли Халифа бо мардум даргир шуданд.
-
Jul 23, 2016
Ба зуддӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази фарҳангӣ ва ҳунарӣ ифтитоҳ мешавад, ки 150 ҳунармандро ҷазб хоҳад кард.
-
Jul 23, 2016
Инфиҷори як бамб дар миёни ҷамъияти ҳазораҳое, ки дар эътироз ба тағйири масири хати интиқоли барқи воридотии Туркманистон дар Кобул тазоҳурот мекарданд, чандин кушта ва маҷрӯҳ бар ҷо гузошт.
-
Jul 22, 2016
Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз хунсо шудани тавтеаҳои ДИИШ дар Тоҷикистон ва низ пайгириҳои мақомоти ин кишвар барои истирдоди Муҳиддин Кабирӣ хабар дод.
-
Jul 22, 2016
Вазири дохилаи Тоҷикистон гуфт, тарҳи ҳамалоти интиҳорӣ ба марокизи амниятии ин кишвар бо дастури гурӯҳи террористии ДИИШ омода шуда буд, аммо мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ин тарҳро хунсо ва афроди мазнунро боздошт карданд.
-
Jul 22, 2016
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо интиқод аз гузориши ахири дабири кулли Созмони милал дар бораи тавофуқи ҳастаӣ гуфт: "Аз дабири кулле, ки бо фишори саҳюнистҳо гузориш таҳия мекунад ва аз Арабистон доллар мегирад то номи ин кишварро аз листи ноқизони ҳуқуқи башар хориҷ кунад, интизорие беш аз ин нест".
-
Jul 21, 2016
Вазири кишоварзии Тоҷикистон аз амал накардани ширкатҳои Русия ба тааҳҳудоти худ, дар заминаи хариди маҳсӯлоти кишоварзӣ аз ин кишвар хабар дод.
-
Jul 20, 2016
Мақомоти додситонии вилояти Хатлон далоили пайвастани сокинони навоҳии ҷанубии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва афзоиши ҷурмро дар ин навоҳӣ баррасӣ карданд.
-
Jul 20, 2016
Вакили Бобаки Занҷонӣ гуфт, шарикони хориҷии муваккилаш ҳозиранд барои пардохти васиқаи таъйиншуда ба Эрон биёянд ва бо масъулони қазоии Эрон дар ин замина гуфтугӯ кунанд.
-
Jul 20, 2016
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бар лузуми ҳамкории ҷаҳонӣ барои барқарории сулҳи пойдор таъкид кард.
-
Jul 20, 2016
Режими Оли Халифа ҳамчунон тазоҳуроти мусолиматомези мардуми инқилобии Баҳрайнро ба бадтарин навъи мумкин саркӯб мекунад ва ҳеҷ садои мухолифро ба назар намегирад.
-
Jul 20, 2016
Дар паи бадаҳдиҳои мудовими Амрико дар иҷрои тавофуқи ҳастаӣ ва сангандозиҳои Конгресси ин кишвар, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Онҳо қасд доранд, таомул бо ҷумҳурии исломиро дар чашми дунё ҳазинабар ҷилва диҳанд.
-
Jul 19, 2016
Ҳамзамон бо афзоиши ихтилофоти дохилӣ дар Туркия, Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия аз тасмими ҷадиди давлаташ дар бораи канор гузоштани ихтилофот бо ҳамсоягонаш хабар дода ва гуфтааст ки ҷузъиёти ин тасмимро фардо баъд аз ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ эълом хоҳад кард.