Ҷустуҷу
-
Apr 11, 2019
Дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия дар рӯзҳои 17 ва 18 апрели соли равон дар Маскав ҳафтумин ҳамоиши ҳамкориҳои ин ду кишвар баргузор мешавад.
-
Apr 11, 2019
Бонки ҷаҳонӣ эълом кард Тоҷикистон аз нигоҳи тавозуни болои даромади ирсолии коргарони муҳоҷири хеш дар баробари тавлиди нохолиси милии ин кишвар дар ҷойгоҳи севвумии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
-
Apr 10, 2019
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сафар ба Давҳа, бо раиси парлумони Қатар дидор кард.
-
Apr 10, 2019
Бо гузашти беш аз як моҳ аз судури дастури Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи афзоиши қимати хадамоти интернетӣ ва телефони ҳамроҳ, баҳсҳое дар ин замина матраҳ аст.
-
Apr 10, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон муовини аввали вазири умури хориҷаи ин кишварро ба симати сафири ҷадиди ин ҷумҳурӣ дар Эрон мансуб кард.
-
Apr 10, 2019
Дар пайи афзоиши қимати гануми содиротии Қазоқистон барои кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли баррасии пешбинӣ намудани сабукӣ ба воридкунандагон ва корхонаҳои орд аст.
-
Apr 10, 2019
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки кашвараш барои тавофуқ бо Русия бар сари мавзӯи афви коргарони муҳоҷири тоҷики ихроҷӣ аз Русия талош хоҳад кард.
-
Apr 10, 2019
Коршиносон ва таҳлилгарони масоили равобити Русия ва Тоҷикистон муътақиданд барои густариши ҳамкориҳои ин ду кишвар 5 мушкил вуҷуд дорад, ки Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон бояд дар дидори рӯзҳои 17 ва 18 апрели соли равон дар Маскав барои рафъи ин мавонеъ иқдом кунанд.
-
Apr 09, 2019
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ бо Покистон имрӯз ба Исломобод сафар кард.
-
Apr 09, 2019
Мақомоти Тоҷикистон аз зарару зиёнҳои гарду ғурбор барои ҷамъияти ин кишвар ҳушдор доданд.
-
Apr 09, 2019
Мизигирди дурнамои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё бо ҳузури сафирони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар Душанбе, коршиносон ва таҳлилгарони рус, тоҷик ва Осиёи марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Apr 09, 2019
Ҳукумати Қирғизистон бо интишори иттилоияе дар бораи музокироти ахири ҳайъати ин кишвар бо Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тавзеҳ дод.
-
Apr 09, 2019
Мақомоти Туркманистон ҳамчунон ба мошинҳои боркашии Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар муҷавизи убур намедиҳанд ва ба дархостҳои Душанбе барои ҳалли ин мушкил посух намедиҳанд.
-
Apr 08, 2019
Кумитаи шароити изтирории Тоҷикистон аз ташкили ситоди вижаи буҳрон ба манзури баррасии хисороти воридшуда бар асари боронҳои шадид ва вуқӯи сел дар ин кишвар хабар дод.
-
Apr 08, 2019
Раиси Парлумони Тоҷикистон бо ишора ба густариши бесуботӣ дар ҷаҳон, кишварҳои ҷаҳонро ба муборизаи муштарак бо чолиш ва таҳдидоти ҷаҳонӣ даъват кард.
-
Apr 08, 2019
Музокироти намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли ихтилофот ва таъйини хутути марзии ду кишвар, бенатиҷа поён ёфт.
-
Apr 08, 2019
Анҷумани фарҳангии “Боргоҳи сухан” дар Тоҷикистон, “Гулистони Саъдӣ”-ро китоби соли ин кишвар эълом кард.
-
Apr 08, 2019
Дар раддабандии ширкати байналмилалии “Paying Taxes 2019” аз нигоҳи пардохти молиёт Тоҷикистон дар радифи 10 кишвар нахусти ҷаҳон бо молиёти сангин қарор гирифтааст, ки мӯҷиби даст кашидани фаъолони бахши хусусӣ аз кор мешавад.
-
Apr 06, 2019
Муовини мероси фарҳангии Созмони мероси фарҳангии Эрон гуфт: “Дар оғози имсол 5 маврид аз мероси номалмуси худро ба ЮНЕСКО фиристодаем, ки 4 мерос бо кишварҳои Сурия, Арманистон, Тоҷикистон ва Туркия муштарак будааст”.