Ҷустуҷу
-
Nov 07, 2018
Як маркази таҳлилӣ дар Русия эълом кард, Амрико тасмим гирифтааст, ҷангҷӯёни ифротиро дар қолаби ДИИШ ва ба саркардагии Гулмрод Ҳалимов аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон интиқол диҳад.
-
Nov 06, 2018
Мақомоти амниятии Тоҷикистон қувваи қазоияи кишвари Украинаро муттаҳам карданд, ки як шаҳрванди хатарноки Тоҷикистон, узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро озод кардааст.
-
Nov 06, 2018
Имрӯз 6 ноябр дар Тоҷикистон рӯзи Сарқонун (Конститутсия) ҷашн гирифта мешавад, ки тибқи қонуни кишвар дар бораи "Рӯзҳои ид" рӯзи истироҳат ва таътил аст.
-
Nov 06, 2018
Маркази Ахбори Созмони милали муттаҳид аз вуруди меваҳои хушки ширкати тоҷикистонии Исфара-фуд (Isfara-food)-и вилояти Суғд ба бозорҳои Аврупо ва Амрико хабар дод.
-
Nov 06, 2018
Мудири бемористони Қаряи Боло бузургтарин маркази дармонии Тоҷикистон ба далели фишор бар пизишкони зердасташ барои хариди 40 тон семент ва масолеҳи дигари сохтмонӣ бо шикояти кормандон аз симати хеш барканор шуд.
-
Nov 05, 2018
Дар ҳоле, ки Бонки Ҷаҳонӣ шумори шаҳрвандони тоҷикистонии зери хатти фақрро 20 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар медонад, ҳукумати Тоҷикистон ин мизонро 27 дарсад арзёбӣ мекунад.
-
Nov 05, 2018
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки соли 2019-ро Соли амнияти ғизоӣ, ғизои тоза ва ҳаёти солим эълом кунанд.
-
Nov 05, 2018
Олудагии боло ва гаронқиматии сӯхт дар Тоҷикистон истифода аз мошинҳои барқиро дар ин кишвар зарурат мебахшад.
-
Nov 05, 2018
Коршиносони Шӯрои уламои исломии вобаста ба Маркази исломии ин кишвар бо судури фатвое эълом карданд, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ муваззафанд, нафақаи хонаводаи худро дар даврони муҳоҷират бипардозанд.
-
Nov 05, 2018
Сафири Тоҷикистон дар Русия аз амалӣ нашудани тавофуқи Душанбе ва Маскав барои эҷоди долони мустақими интиқоли маҳсулоти кишоварзони тоҷик ба Русия интиқод кард.
-
Nov 05, 2018
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои бори нахуст эътироф кард, ки коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия бар фаъолияти низоми бонкии ин кишвар таъсири ногувор доштааст.
-
Nov 04, 2018
Дар рӯзи 16 ноябр қарор аст аз чархаи аввали неругоҳи барқи обии Роғун баҳрабардорӣ шавад. Баҳрабардорӣ аз неругоҳи Роғун аз он ҷиҳат рӯйдоди муҳим дониста мишавад, ки мардуми Тоҷикистонро пас аз ду даҳа камбуди барқ дар фасли сармо, аз ин мушкил наҷот медиҳад.
-
Nov 04, 2018
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, баста шудани ин ҳизб ҳеҷ рабте ба ҳаводиси сентябри соли 2015 ва шӯриши Абдулҳалим Назарзода надорад.
-
Nov 04, 2018
Як коршиноси тоҷик дар таҳлили дурнамои амалкарди ҳукумати Тоҷикистон дар иртибот бо мухолифони сиёсиаш ва имкони дастёбии ду тараф ба созишро баррасӣ кардааст.
-
Nov 04, 2018
Додгоҳи низомии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон як сарбози Қӯшунҳои марзбонии ин кишварро ба иттиҳоми лату куб ва қатли ҳамқатораш ба 13 сол зиндон маҳкум кард.
-
Nov 03, 2018
Дар 10 моҳи гузашта беш аз 40 корманди бахши беҳдошт ва дармон дар Тоҷикистон ба далели тахаллуфот иҳирфаӣ муҷозот шудаанд, ки умдаи тахаллуфоти ин афрод, ташхиси нодурусти беморӣ ва таҷвизи иштибоҳи дору будааст.
-
Nov 03, 2018
Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон аз ин ки меваву хушкбори ин кишвар дар хориҷ ба унвони маҳсулоти Қирғизистон ба фурӯш мерасад, ибрози нигаронӣ мекунанд.
-
Nov 03, 2018
Панҷ сол аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” – и Тоҷикистон барои гирифтани сӯхт дар масири парвоз дар шаҳрҳои кишварҳои минтақа фуруд меоянд, ки бо тӯлонӣ шудани муддати парвоз, бо зиёни мусофирон ҳамроҳ аст ва касе ҳам омода нест хисороти онро пардохт кунад.