Ҷустуҷу
-
Feb 01, 2018
Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар зиндонҳои ин кишвар ҳатто як зиндонии сиёсӣ ҳам вуҷуд надорад.
-
Feb 01, 2018
Як гурӯҳ аз зодагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо ирсоли номае ба раиси ҷумҳурии ин кишвар, хостори он шуданд, ки ин вилоят минтақаи пок аз машруботи спиртӣ (алкулӣ) эълом шавад ва воридоти сигору танбоку низ ба он ҷо коҳиш ёбад.
-
Jan 31, 2018
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз таваққуфи содироти барқи кишвар ба Афғонистон хабар дод.
-
Jan 31, 2018
Додгоҳи маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон латукӯбкунандаи як мақоми қазоиро ба ду соли зиндон маҳкум кард.
-
Jan 31, 2018
Сафири Эрон дар Тоҷикистон тасмими Эрон дар таъсис ва роҳандозии шабакаи “IFilm” (Ой Филм)-и форсӣ барои мардуми Тоҷикистон ва Афғонистонро иқдоме хуб ва ибтикори ҷолиб арзёбӣ кард.
-
Jan 31, 2018
Теъдоде аз масҷидҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шимоли Тоҷикистон таътил шуданд.
-
Jan 31, 2018
Панҷ созмони рӯзноманигории Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар дархост кардаанд, монеъ аз иқдомоти худсаронаи Бек Сабур, раиси Хадамоти иртиботот ва мухобироти ин ҷумҳурӣ дар инҳисорӣ кардани хадамоти интернет шавад.
-
Jan 31, 2018
Ҳайатҳои нақшабардории давлати Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар дидоре дар вилояти Суғд, мавзӯи аломатгузории марзи муштараки ин ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Jan 30, 2018
Раиси идораи маъданшиносии Тоҷикистон гуфт, кишвар қасди истихроҷи дубораи уранро надорад.
-
Jan 29, 2018
Мақомоти Душанбе эълом карданд, ки Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шитоб намекунад.
-
Jan 29, 2018
Муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ин кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евразия, шитоб намекунад.
-
Jan 28, 2018
Тоҷикистон воридоти маҳсулоти гӯштии ғайри ҳалолро ба кишвар мамнуъ мекунад.
-
Jan 28, 2018
Кормандони гумруки ҷумҳурии Беларус аз интиқоли 6 адад мошини дуздӣ қиматбаҳо аз ҷумҳурии Литва ба Тоҷикистон, ҷилавгирӣ кардаанд.
-
Jan 28, 2018
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо интишори бёнияе дар бораи сарусдоҳо дар робита ба боздошти як сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ, тавзеҳ додааст.
-
Jan 28, 2018
Муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки бар асоси омори соли 2017, Узбакистон дар радифи 5 шарики муҳимми тиҷории ин кишвар қарор гирифтааст.
-
Jan 27, 2018
Ҷопон омодагии худро барои таҷҳизи сохтори низомии Тоҷикистон, ба таҷҳизоти ҷопонӣ эълом кард.
-
Jan 27, 2018
Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ хост то аз сафар ба 11 шаҳри Русия то поёни мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар ин кишвар худдорӣ кунанд.
-
Jan 27, 2018
Воридоти васоили нақлиёти тавлидшуда то соли 2005 ба Тоҷикистон мамнуъ хоҳад шуд.