Ҷустуҷу
-
Jul 16, 2019
Шабакаи хабарии NBC “News” навишт, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, агар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико маҷмӯаи таҳримҳоеро, ки аз соли 2017 алайҳи Эрон эъмол кардааст, лағв кунад, дари дипломатия комилан боз аст.
-
Jul 16, 2019
Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт, Қазоқистон дар ивази обе, ки аз махзани Қайроққум дар моҳҳои июл ва август дарёфт мекунад, дар моҳи сентябр ба Тоҷикистон 14 миллион киловатт барқ медиҳад.
-
Jul 16, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо интиқод аз рафтори талабкоронаи аврупоиҳо ва амал накардани онҳо ба тааҳҳудоти барҷомиашон таъкид карданд: “Мо тоза коҳиши тааҳҳудотро шурӯъ кардаем ва ин фароянд ба таври қатъӣ идома хоҳад ёфт”.
-
Jul 16, 2019
Сокинони шаҳристони Исфара дар вилояти Суғд барои дидори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон омода мешаванд.
-
Jul 16, 2019
Нахуствазири режими саҳюнистӣ душанбешаб бо ибрози таасуф аз изҳороти масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи гомҳои барҷомии Эрон гуфт, интизори Исроил фишори ин иттиҳодияи зидди Эрон аст.
-
Jul 16, 2019
Артиши Афғонистон аз кушта шудани 90 тан аз аносури гуруҳи Толибон дар вилояти Балх шимоли ин кишвар хабар дод.
-
Jul 15, 2019
Чин эълом кард, ки дар садади тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.
-
Jul 15, 2019
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, таниш дар минтақаи халиҷи Форс барои ҳама хатарнок аст.
-
Jul 15, 2019
Тавлиди озмоишии худрави Пежу 301 эронӣ дар посух ба бадъаҳдии ширкати Пежуи Фаронса бо ҳузури Surena Сурина муовини илмӣ ва фановарии раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар гурӯҳи санъатии Эрон- Худрав дар Теҳрон оғоз шуд.
-
Jul 15, 2019
Се кишвари Британия, Фаронса ва Олмон дар ҳимоят аз БАРҶОМ ва низ дар бораи танишҳо дар халиҷи Форс баёнияи муштарак содир карданд.
-
Jul 15, 2019
Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти вазири хориҷаи Амрико дар бораи маҳдудияти вазири хориҷаи Эрон дар сафар ба Ню- Йорк гуфт;амрикоиҳо нигарони таъсиргузории сафарҳои кории вазири умури хориҷаи Эрон бар афкори умумии Амрико ва ҷаҳон ҳастанд.
-
Jul 15, 2019
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар врӯд ба Ню-Йорк бар лузуми иродаи ҷиддӣ ва амалии аврупоиҳо барои ҳифзи барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак ( БАРҶОМ ) таъкид кард.
-
Jul 14, 2019
Як расонаи олмонӣ бо интиқод аз рӯйкарди заиф ва ҳамроҳ бо тардиди Аврупо барои ҳифзи БАРҶОМ дар баробари коршиканиҳои Амрико аз ин иттиҳодия хост ҷасорати мухолифати ҷиддӣ бо Амрикоро дошта бошад ва нафти таҳримшудаи Эрон аз тарафи Вашингтонро харидорӣ кунад.
-
Jul 14, 2019
Дар филме, ки гуфта мешавад дар шаҳри Ваҳдат дар 20 километрии пойтахти Тоҷикистон тасвирбардорӣ шуда, зане, ки зоҳиран пулис аст, дар хиёбон бонувони боҳиҷобро маҷбур ба тарки пӯшиши ҳиҷоби исломӣ мекунад. Ӯ муддаӣ шуд, ҳиҷоби исломӣ бо фарҳанги тоҷик бегона аст.
-
Jul 14, 2019
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Эрон ҳеҷ музокирае бо мақомоти Амрико дар ҳеҷ сатҳе надорад.
-
Jul 14, 2019
Нашрияи "Нэшнл Интресет" дар гузорише навишт, Эрон тавоноии муқобила бо таҳримҳои Амрико ва пайгирии муваффақи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии худро дорад.
-
Jul 14, 2019
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена таъкид кард, барномаи мушакии Эрон, мушкили қонунӣ надорад.
-
Jul 13, 2019
Конгресси Амрико тарҳеро тасвиб кард, ки ихтиёроти раисҷумҳури ин кишварро барои ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад.
-
Jul 13, 2019
Равобити Туркия ва Амрико пас аз кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 дучори танишҳои зиёде шудааст. Бар хилофи умеди мақомоти турк дар бораи беҳбуди равобити ду кишвар бо руи кор омадани Доналд Трамп, аммо дар амал ихтилофоти ду кишвар ба шиддат ташдид шудааст.
-
Jul 13, 2019
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.