Ҷустуҷу
-
Jan 10, 2018
Сафорати Русия дар Амрико дар бораи коршиканӣ дар раванди интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи марти ин кишвар ҳушдор дод.
-
Jan 10, 2018
Яманиҳо, ки дар моҳҳои ахир бо бемории вабо даст ба гиребон будаанд, акнун бояд бо бемории дифтерия низ дасту панҷа нарм кунанд.
-
Jan 10, 2018
Ҳайати сиёсӣ- иқтисодии Қатар бо Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон музокироти корӣ анҷом доданд.
-
Jan 10, 2018
Сухангуи вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард: Доналд Трамп рӯзи ҷумъа тасмим хоҳад гирифт, ки оё таълиқи таҳримҳои Эронро мутобиқ бо тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) тамдид мекунад ё не.
-
Jan 09, 2018
Сиёсатмадори саҳюнист муқовимати Аҳд Алтамимӣ, ҷавондухтари фаластинӣ ва муштҳои гиреҳкардаи ӯ муқобили низомиёни режими саҳюнистиро «шикасти тамомайёр барои Исроил» донист.
-
Jan 09, 2018
Бо дастури раисҷумҳури Узбакистон пахши азон аз тариқи баландгӯ дар масҷиди марказии шаҳри Тошканд мавсум ба "Ҳазрати имом" аз сар гирифта шуд.
-
Jan 09, 2018
Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Конфронси амниятии Теҳрон барои таъмини амнияти минтақаӣ, ташкили эътилофҳои иқтисодиро пешниҳод кард.
-
Jan 08, 2018
Барои нахустин бор сад портрети наққошӣ аз чеҳраҳои мондагори варзиши Эрон дар маҷмуаи фарҳангии таърихии Саъдободи Теҳрон ба намоиш гузошта шудааст.
-
Jan 08, 2018
Манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дастрасии дубора ба мессенҷери иртиботии “Viber” дар ин кишвар ба дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, имконпазир шудааст.
-
Jan 07, 2018
Каромат Шарипов, раҳбари бузургтарин созмони муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки моҳи декабр ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, рӯзи 6 январ бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мулоқот кардааст.
-
Jan 06, 2018
Вазири иттилооти Эрон бо ишора ба шаҳодати се неруи амниятӣ ба дасти террористҳо дар минтақаи марзии Пироншаҳр (шимолу ғарби Эрон), таъкид кард, неруҳои амниятии Эрон ба зуддӣ посухи кӯбандае ба гурӯҳакҳои террористӣ ва зидди инқилоб дар минтақа, хоҳанд дод.
-
Jan 06, 2018
Дар тасодуфи шадиди комюн ва саворе дар як чаҳорроҳ, раҳгузаре ба тарзи муъҷизаосое наҷот меёбад.
-
Jan 06, 2018
Муовини шайхи “Ал-Азҳар” таъкид кард, куштани террористҳо аз назари шаръӣ воҷиб аст.
-
Jan 05, 2018
Сафири Тоҷикистон дар Тошканд рӯзи ҷумъа бо вазири умури хориҷии Узбакистон дидор кард. Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон, дар ин дидор сафирони Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ ҳузур доштанд.
-
Jan 04, 2018
Муштариёни бонки варшикастшудаи “Тоҷпромбонк”, ки беш аз як сол аст наметавонанд амонот ва супурдаҳои худро бозпас бигиранд, бо ирсоли номае ба раисҷумҳурии Тоҷикистон, аз вай дархости кумак кардаанд.
-
Jan 04, 2018
Қасд дорем дар барномаҳои "Арзиши варзиш" ба таъсири варзиш дар саломатии инсон бипардозем. Ҳамчунин хабарҳои варзиширо аз Тоҷикистон, Эрон ва ҷаҳон аз ин барнома бишнавед.
-
Jan 03, 2018
Раисҷумҳури Туркия дар тамоси телефонӣ бо раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, амнияту суботи Эрон, амнияту суботи Туркия аст.
-
Jan 03, 2018
Ширкати миллии барқи Афғонистон аз шурӯи дубораи содироти барқи Туркманистон ба манотиқи ғарбӣ ва шимоли ин кишвар хабар дод.
-
Jan 03, 2018
Мудири корхонаи тавлиди куди шимиёии шаҳри Сарбанд (собиқ корхонаи Нуриҳои Азоти Вахш) дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз ифтитоҳи фази аввали ин марказ дар поёни се моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.
-
Jan 01, 2018
Аз чанд рӯзи гузашта то кунун бархе аз шаҳрҳои Эрон саҳнаи баргузории таҷаммуъҳое дар эътироз ба мушкилоти иқтисодӣ ва адами таъйини таклифи молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе колоҳову заъфи назорати давлат будааст.