Ҷустуҷу
-
Feb 19, 2023
Раиси пешини Маҷлиси намояндагони Амрико, таҷҳизи Украина ба ҷангандаҳои F -16-ро хостор шуд.
-
Feb 15, 2023
Амрико дар идомаи талошҳояш барои доман задан ба ҷанги Украина, давлатҳои ғарбиро барои ҳимояти бештар аз Киев, аз ҷумла дар заминаи дифои ҳавоӣ таҳти фишор қарор додааст.
-
Feb 02, 2023
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони милал рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи коргоҳии вазорати дифо дар Исфаҳон дар номае ба дабири кулли Созмони милал ва низ раиси давраии Шӯрои амният гуфт, ки таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ масъули ин ҳамла буда ва ин иқдом, нақзи қавонини байналмилал ва маҳкум аст.
-
Jan 30, 2023
Ба дунболи изҳороти мудохилаҷуёна ва танишофаринии мушовири раиси Ҷумҳурии Украина ва пазириши талвиҳи мушорикати ин кишвар дар ҳамла ба як муҷтамаъи коргоҳи Вазорати дифоъ дар Исфаҳон кордори Украина ба Вазорати умури хориҷа эҳзор шуд.
-
Jan 30, 2023
Раиси Думаи Русия бо ишора ба тадовуми мудохилаи Ғарб дар ҷанги Украина гуфт, Амрико ва Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) Укранаро ба майдоне барои озмоиши таслиҳотии худ табдил кардаанд ва ба хисоратҳои ворид шуда ба ин кишвар ва мардуми он дар пайи ҷанг ҳеҷ таваҷҷӯҳе надоранд.
-
Jan 25, 2023
Як мақоми амрикоӣ гуфт: Ҷу Байден рӯзи чаҳоршанбе тасмим Вашингтон барои таъмини тонки Абрамс ба Украинаро эълом хоҳад кард.
-
Jan 20, 2023
Раиси Кумитаи низомии НАТО гуфт, Русия эҳтимолан дар баҳор ҳамлаи низомии ҷадидеро дар Украина оғоз хоҳад кард.
-
Jan 15, 2023
Раисиҷумҳури Русия аз амалиёти низомии ин кишвар дар Украина ибрози ризояту вазъияти иқтисодии Русияро матлӯб тавсиф кард.
-
Jan 14, 2023
Намояндаи доими Русия дар Созмони Миллали Муттаҳид дар нишасти рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллии Шӯрои Амният гуфт : Кишвараш омода аст аз тариқи музокироти сиёсӣ ба амалиёти низомӣ дар Украина поён диҳад
-
Jan 09, 2023
Сухангуи Кремл эълом кард ирсоли таслиҳоти ғарби ба Украина асосан наметавонад чизеро тағир диҳад.
-
Jan 09, 2023
Вазири хориҷа ва мушовири амнияти миллии дар давлатҳои асбақи Амрико дар китоби ҷадиди худ навишт, бетарафа шудани вазъияти Украина роҳи поён додан ба даргирии ин кишвар бо Русия аст.
-
Jan 09, 2023
Раиси кули нерӯҳои мусалаҳи Эрон бар ҳамкории ин Ситод бо дастгоҳҳои масъул дар заминаи парвандаи ҳуқуқии сониҳаи ҳавопаймоии украинӣ таъкид кард.
-
Dec 29, 2022
Мақомҳои украинӣ рӯзи панҷшанбе аз ҳамалоти густардаи мушакии Русия ба манотиқи мухталифи ин кишвар хабар доданд .
-
Dec 26, 2022
Муовини вазири хориҷаи Русия эълом кард, Маскав гузинаи роҳи ҳали сиёсӣ барои ҳали даргириҳои Украинаро рад намекунад аммо бар асоси пешшартҳои Киев музокира намекунад.
-
Dec 21, 2022
Ба дунболи сафари раиси ҷумҳурии Украина ба Амрико, сухангӯи Кремл музокироти сулҳ бо Киевро мардуд эълом кард.
-
Dec 15, 2022
Русия эълом кард дар сурате, ки НАТО ба Украина сомонаи подофандии Потриют бидиҳад, ба ҳадафи қонуни барои ҳамлаи нерӯҳои русӣ табдил хоҳад шуд.
-
Dec 13, 2022
Вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар бораи нишасти коршиносони Эрон ва Украина гуфт:Тарафи украинӣ ҳеҷ далеле бар истифодаи Русия аз паҳподи эронӣ дар нишасти фаннӣ ироа накард .
-
Dec 09, 2022
Сарпарасти ҳайати Русия дар музокироти амнияту контроли таслеҳот дар Вена, пойтахти Австрия гуфт, ҳамлаи паҳподии ахири Украина ба ду пойгоҳи ҳавоии Русия бо мудохилаи Амрико сурат гирифтааст.
-
Dec 02, 2022
Вазири хориҷаи Русия Ғарбро ба хотири таъмини таслеҳоту омӯзиши низомиён ба дахолати мустақим дар ҷанги Украина муттаҳам кард.
-
Nov 24, 2022
Сухангӯи Вазорати дифои Русия бо такзиби ҳамлаи шаби гузашта ба Киев, пойтахти Украина омили хисороти воридомада ба ин кишварро дифои зиддиҳавоии Украина муаррифӣ кард .