Сентябр 22, 2020 14:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи хумпораӣ ба « минтақаи сабз »-и Бағдод

Гурӯҳи итилоърасонии амниятии Ироқ аз ҳамлаи хумпораӣ ба « минтақаи сабз » дар Бағдод , пойтахти ин кишвар хабар дод .

 Ба гузориши пойгоҳи интерентии « Шафақ ниюс » маркази итилоърасонии амниятии Ироқ дар иттилоъияе эълом кард ,ки бомдоди имрӯз ( сешанбе ) се хумпора ба минтақаи « Алкарода » дар минтақаи « сабзи Бағдод » бархурд карда аст . Бар асоси иттилоъияи маркази итилоърасонии амниятии Ироқ , ин ҳамла талафоти ҷонӣ ё хисорати молӣ ба ҳамроҳ надошта аст .

 Сешанбеи ҳафтаи гузашта низ як таркиш дар самти масҷиди « Уммултабул » наздикии минтақаи сабзи Бағдод рух дод ва чанд мушаки Катюша ҳам ба атрофи пойгоҳи низомии Амрико , наздики сифорати ин кишвар дар минтақаи сабзи Бағдод шиллик шуд .

 Сафорати Амрико дар Бағдод, корвонҳои низомӣ ва пойгоҳҳои низомиёни террористи амрикоӣ дар Ироқ аз ҷумла пойгоҳҳои « Аттоҷӣ» ва « Албалад » дар моҳҳои ахир ҳадафи ҳамлаҳои гуногун қарор гирифтаанд .

 Бисёре аз мардум ва  гуруҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб карда аст .

 

Барчасп