Январ 20, 2021 22:33 Asia/Dushanbe
  • Ин ислоҳия шомили кормандони феълӣ ва афроди дорои корти муофият аз хидмати сарбозӣ намешавад
    Ин ислоҳия шомили кормандони феълӣ ва афроди дорои корти муофият аз хидмати сарбозӣ намешавад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди раиси ҷумҳурии ин кишварро дар бораи мамнуияти кор кардани афроди бидуни собиқаи хидмати ҳарбӣ дар ниҳодҳои низомӣ, амниятӣ, интизомӣ, додгоҳӣ, гумрук ва Агентии давлатии мубориза бо коррупсия ва ҳукумату дафтари раёсати ҷумҳурӣ тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар нишасти ахири худ, ки ба баррасии ислоҳи қонуни хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар рабт дошт, аз пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мамнуияти истихдоми афроде ки хидмати ҳарбиро сипарӣ накардаанд, дар ниҳодҳои ёдшуда истиқбол шуд.

Албатта, ин ислоҳия шомили кормандони феълии ин ниҳодҳо ва афроди дорои корти муофият аз хидмати сарбозӣ намешавад.

Ҳамчунин бо ислоҳи қонуни хидмати ҳарбӣ донишомӯхтагони донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки қаблан ба хидмат дар Нерӯҳои мусаллаҳ ҷазб намешуданд, аз ин пас ба гузарондани як соли хидмати иҷборӣ муваззаф мешаванд.

Ҳамчунин афсарони захираи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муваззафанд як моҳ дар сол барои такмили дониши низомии худ омӯзиш бубинанд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп