Август 03, 2021 13:01 Asia/Dushanbe
  • Толибон маркази радио ва телевизион дар Ҳилмандро тасарруф карданд

Гурӯҳи Толибон рӯзи душанбе сохтмони телевизион ва маркази радиоӣ дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистонро ба контроли худ даровардаанд.

Ба гузориши шабакаи Тулуъниюз, тамоми расонаҳои маҳаллӣ дар вилояти Ҳилманд фаъолиятҳои худашонро мутаваққиф кардаанд. Коркунони шабакаи телевизион ва маркази радио ду рӯз пеш ин сохтмонро тарк карда буданд.

Авоили июл, Толибон контроли манотиқе дар Афғонистон дар имтидоди марз бо панҷ кишвари Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон, Чин ва Покистонро дар баҳбуҳаи хуруҷи нерӯҳои ғарбии эътилоф ба даст овард.

Генерал Волӣ Муҳаммад Аҳмадзай, фармондеҳи ҷадиди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон гуфтааст, авлавияти артиш ҳифозат аз шаҳрҳои аслии ин кишвар, гузаргоҳҳои марзӣ ва ҷоддаҳои муқобили Толибон аст.

Ба гуфтаи вай, раҳбарони Толибон дар ибтидо саъй доранд, то ҷоддаҳои аслӣ, ки масири таъмини колоҳост қатъ кунанд ва баъд ба самти ҷоддаҳо ва бахшҳо ҳамлавар шаванд.

Бештар бихонед: