Апрел 22, 2023 16:39 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Роҳбурди имрӯзи ҷаҳони Ислом бояд кумак ва тақвияти аносури муборизи дохили Фаластин бошад

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар дидори ҷамъе аз мардум, масъулони низом ва сафирони кишварҳои исломӣ таъкид карданд: Роҳбурди имрӯзи ҷаҳони Ислом бояд кумак ва тақвияти аносури муборизи дохили Фаластин бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, имрӯз (шанбе) дар дидори ҷамъе аз мардум, масъулону коргузорони низом ва сафирони кишварҳои исломӣ, иттиҳодро ниёзи мубрам ва зарурии уммати исломӣ хонданд ва бо ишора ба заволи маҳсӯси режими саҳюнистӣ ва коҳиши машҳуди қудрати боздорандагии он гуфтанд: Ин пешрафти муҳим ба баракати истодагӣ ва муқовимати миллат ва ҷавонони фаластинӣ рух дода ва роҳбурди имрӯзи ҷаҳони Ислом бояд бар кумаку тақвияти аносури муборизи дохили Фаластин мутамарказ бошад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба мушкилоти кишварҳои исломӣ гуфтанд: Агар ба фармони қуръонии «ваҳдат ҳавли ресмони илоҳӣ» амал шавад, ҷаҳони Ислом бо ҳудӯди ду миллиард ҷамъият ва бархӯрдорӣ аз муҳимтарину ҳассостарин нуқоти ҷуғрофиёии ҷаҳон метавонад дар масири ҳалли мушкилот қадам бардорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ишора ба уфӯли тадриҷии режими саҳюнистӣ гуфтанд: Ин уфӯл, ки аз чанд сол қабл оғоз шудааст, акнӯн суръат ёфта ва ҷаҳони Ислом бояд аз ин фурсати бисёр бузург истифода кунад.

Эшон масаълаи Фаластинро на сирфан исломӣ, балки инсонӣ донистанд ва бо ишора ба иҷтимооту роҳпаймоии рӯзи Қудс, дар кишварҳои ғайри исломӣ гуфтанд: Иҷтимооти зиддисаҳюнистии рӯзи Қудс дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ натиҷаи ошкор шудани рӯзафзӯни ҷиноёти саҳюнистҳои ғосиб аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ афзуданд: Ҳузури шуморе аз мардуми Аврупо дар ҳимоят аз мардуми Фаластин, он ҳам дар кишварҳое, ки ба саҳюнистҳо вобастаанд, бисёр муҳим аст.

Эшон омили аслии вазъи фалокатбори режими ғосибро муқовимати пурбаракати дарунии мардуми Фаластин ва хатарпазирӣ ва ҷонбаркафии ҷавонони он хонданд ва таъкид карданд: Авзоъи имрӯзи сарзаминҳои ишғолӣ исбот мекунад, ҳар қадар муқовимат ва истодагии миллати Фаластин дар манотиқи мухталиф бештар шавад, режими ҷаълӣ заъифтар хоҳад шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, кумак ба неруҳои дохили Фаластинро роҳбурди зарурии имрӯзи ҷаҳони Ислом баршумурданд ва гуфтанд: Ҷабҳаи муқовимат ба мувозоти талошҳои арзишманди худ ва ҳамаи кишварҳои исломӣ бояд бар тақвияти аносури муборизи дохили Фаластин мутамарказ шаванд.

Эшон гароиш ба исломро омили аслии қудрат гирифтани муборизаи гурӯҳҳои фаластинӣ хонданд ва афзуданд: Дар давраҳое, ки гароишҳои исломӣ матраҳ набуд, ин пешрафтҳо вуҷӯд надошт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба пешгомии имом Хумайнӣ (раҳ.) ва Ҷумҳурии исломӣ дар ҳимоят аз масаълаи Фаластин афзуданд: Ин ҳаракат идома хоҳад ёфт ва умедворем миллати азизи Эрон рӯзеро шоҳид бошанд, ки мусулмонони ҳамаи кишварҳои исломӣ озодона дар Қудси Шариф намоз бихонанд.

 

Барчасп