Май 24, 2023 09:01 Asia/Dushanbe
  •  Шароити ҷаҳон ба нафъи муқовимат дар баробари душманони ҷаҳони Ислом дар ҳоли тағйир аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Шароити ҷаҳон ба нафъи муқовимату истодагӣ дар муқобили душманони ҷаҳони Ислом дар ҳоли тағйир аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурӣ, Саидиброҳим Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе дар иҷтимои пуршӯри мусулмонони Индонезия дар Маркази исломии Ҷакарта, ишқ ба хонадони набуввату рисолатро, аз ҷумлаи вижагиҳои мумтози мардуми Индонезия тавсиф кард ва бо таъкид бар зарурати ваҳдату инсиҷом дар ҷаҳони Ислом барои ноком мондани тавтеаи душманон, такфиру тафриқа миёни мусулмононро натиҷаи инҳироф аз масири хонадони набувват донист.

Раисӣ, ташкили ҷараёноти террористии такфирӣ, равоҷи исломҳаросӣ бо истифода аз абзори императории расонаӣ ва иҳонат ба муқаддасотро, аз ҷумлаи тавтеаҳои душманони уммати исломӣ барои тазъифу эҷоди шикоф миёни мусулмонон баршумурд ва бар ҳӯшёрӣ ва огоҳии миллатҳои мусулмон барои ғалаба бар ин тавтеаҳо таъкид кард.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон далели мухолифатҳои имрӯзи низоми султа бо Ҷумҳурии исломии Эронро таслимнопазирӣ дар баробари султаталабӣ ва истикбор унвон кард ва гуфт, сиёсати қатъии Ҷумҳурии исломии Эрон тавсеа ва таъмиқи равобит бо кишварҳои исломӣ аст.

Раисӣ таъкид кард, ба баракати хкни мутаҳҳари шуҳадои наҳзати ҷаҳонии ислом, ҷаҳлу ноогоҳӣ аз ҷавомеи мусулмонон дар ҳоли барчида шудан аст ва рӯз ба рӯз муқовимат ва ҳақхоҳии қавитару душманони ислом заъифтар хоҳанд шуд; ин ваъдаи илоҳӣ аст ва қатъан таҳаққуқ хоҳад ёфт.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин тавсеаи равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ бо Индонезияро, аз ҷумлаи аҳдофи сафари худ ба ин кишвар донист ва тасреҳ кард, ду кишвар барои тавсеаи равобити иродаи қатъӣ ва ҷиддӣ доранду зарфиятҳои мутанаввеи мавҷӯд дар ду кишвар бистари муносибе барои амалиётӣ кардани ин ирода аст. Саидиброҳими Раисӣ ба даъвати расмии Ҷоко Видодо, раисиҷумҳури Индонезия ба ин кишвар сафар кардааст.

 

Барчасп