Май 27, 2023 12:03 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ : Такрори иддаоҳои беасоси Украина бо ҳадафи ҷалби бештари кумакҳои таслеҳотӣ ва молии Ғарб аст

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба иддаоҳои зиддиэронии раиси Ҷумҳурии Украина таъкид кард : Такрори иддаоҳои беасоси Украина бо ҳадафи ҷалби бештари кумакҳои таслеҳотӣ ва молии Ғарб аст.

Носири Канъонӣ гуфт : Такрори иддаоҳои Владимир Зеленский-раиси Ҷумҳурии Украина алайҳи Эрон ҳамнавозӣ бо ҷанги таблиғӣ ва расонаии меҳвари зиддиэронӣ алайҳи давлату миллат Эрон аст ва бо ҳадафи ҷалби бештари кумакҳои таслеҳотӣ ва молии кишварҳои ғарбӣ сурат мегирад.
Ба гузориши ИРНА, сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон изҳороти раиси Ҷумҳурии Украина алайҳи Ҷумҳурии исломии Эронро фарофиканӣ ба манзури инҳирофи афкори умумӣ ва намойишии сиёсии тавъам бо иддаоҳои беасос тавсиф кард ва онро беарзиш донист.
Канъонӣ афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора эълом карда, ки мухолифи ҷанги Украина ва идомаи он аст ва аз дарду ранҷи мардуми Украина бисёр нороҳат аст ва бар зарурати ёфтан роҳкории сиёсӣ барои поёни бахшидан ба он дар зудтарин замони мумкин таъкид дорад ва омодааст барои таҳаққуқи он мусоидат кунад .
Канъонӣ бо таъкид бар инки иддаоҳову намоишҳои сиёсӣ алайҳи Эрон воқеиятҳои ҷанги Украинаро тағйир намедиҳад, ба омодагии Эрон барои идомаи музокироти коршиносӣ бо Украина ишора кард ва афзуд : Канор рафтани тарафи украинӣ аз музокироти каршиносӣ бо тарафи эронӣ ба манзури баррасии иддаоҳо,баёнгари бепоя будани онҳо ва вуҷуди аҳдофу ангезаҳои хоси сиёсӣ дар варои ингуна иттиҳомзаниҳо алайҳи Эрон аст.
 

 

Барчасп