Май 30, 2023 09:24 Asia/Dushanbe
  •  Адои эҳтироми намояндагони динҳои илоҳӣ ба мақоми шомихи Имом Хумайнӣ ( раҳ )

Намояндагони динҳои илоҳӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар Теҳрон ба мақоми шомихи ишон адои эҳтиром карданд.

Чаҳордаҳуми хурдоди 1402 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо чаҳоруми июни 2023 солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ )- бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон аст .
34 сол пеш Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ " ( раҳ ), раҳбари кабири инқилоби исломӣ пас аз 87 сол зиндагии пурталошу хастагинопазир чашм аз ҷаҳон фурӯ бастанд ва ба дидори ҳақ шитофтанд.
Ба гузориши ИРНА, ҷамъе аз намояндагони пайравони динҳои илоҳӣ шомили арманиҳо, ошӯриён,калимиён ва зартуштиён дар остонаи сиючаҳорумин солгарди иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ҳузур дар ҳарами бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон бо тақдими тоҷи гул ба мақоми шомихи ишон адои эҳтиром карданд .
Ширкаткунандагон дар ин оини маънавӣ бо ормонҳои волои Имом Хумайнӣ ( раҳ ), шаҳидон ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ таҷдиди паймон карданд.

 

Барчасп