Июн 13, 2023 19:15 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободи: Пайравони динҳои тавҳиди дар даврони дифоъи муқаддас ва рушди кишвар нақши асаргузори ифо карданд
    Ғарибободи: Пайравони динҳои тавҳиди дар даврони дифоъи муқаддас ва рушди кишвар нақши асаргузори ифо карданд

Муовини умури байналмилалии қуваи қазоия ва дабири ситоди ҳуқуқи башари Эрон гуфт: Пайравони динҳои тавҳиди дар канори ҳамаватанони мусалмони худ нақши асаргузори дар даврони дифоъи муқаддас ва рушди кишвар ифо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ғарибободи муовини умури байналмилалии қуваи қазоия ва дабири ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар нишасти ҳамандешии бо намояндагони пайравони тинҳоди тавҳиди дар маҷлиси шурои исломӣ пайравони динҳои тавҳидиро бахши муҳими аз ҷомеъаи эронӣ донист.

Ғарибободи бо ишора ба нигоҳи вижаи раиси қуваи қазоия ва дигар масъулони олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пайравони динҳои тавҳиди талошҳои вижа дар ҷиҳати расидагӣ ва ҳали бархе дархостҳои ин гуруҳ аз ҳамватанон ва барномаҳо ва иқдомоти ситоди ҳуқуқи башар барои ҳимоят ва иртиқои ҳуқуқи башарро тасреҳ кард.

Муовини умури байналмилалии қуваи қазоияи Эрон бо қадрдони аз намояндагони пайравони динҳои тавҳиди дар маҷлис ва раҳбарони ҷавомеъи динии онҳо ба хотири табйини воқеъиятҳо ва иқдомоти анҷомшуда дар заминаи таваҷуҳи махсуси ҳокимият ба ҳуқуқи пайравони динҳои тавҳиди омодагии ситоди ҳуқуқи башар барои ҳалли бархе аз мушкилотро эълом кард.

Барчасп