Июл 12, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби дар дидори фузало, туллоб ва мубаллиғини ҳавзаҳои илмия
    Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби дар дидори фузало, туллоб ва мубаллиғини ҳавзаҳои илмия

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, насли навҷавону ҷавон дар мақоми соҳибону созандагони ояндаи кишвар бояд маркази тавваҷуҳи таблиғоти халлоқонаву муттакӣ бар шеваҳо ва абзорҳои навин бошад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори фузало, туллоб ва мубаллиғини ҳавзаҳои илмия, дар остонаи моҳи Муҳаррам, ниёзи кишвар ба фаъолиятҳои таблиғотии муттакӣ бар таҳқиқро бисёр бештар аз фаъолиятҳои кунунӣ донистанд ва бо истинод ба оёти мутааддиди Қуръони Маҷид дар бораи таблиғу абъоду зароифи он гуфтанд: Дини Худо дар сатҳи тӯдаҳои мардум ҷуз бо таблиғи саҳеҳ таҳаққуқ намеёбад.

Эшон бо ишора ба аҳамияти суннати деринаи таблиғ дар ҳавзаҳои илмия ва дар сираи уламои бузург афзуданд: Авлавияти таблиғ дар миёни вазоифи ҳавзаҳо пас аз ташкили ҷумҳурии исломӣ музоаф шудааст, зеро барпоии низоме сиёсӣ муттакӣ бар дин, душмании мустакбирон бо Исломро афзоиш додааст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имони мардумро пояи қавоми низоми исломӣ хонданду гуфтанд: Ҳифзи низом ва дар воқеъ ҳифзи имони мардум авҷаби воҷибот аст. Зимни ин ки таблиғ дар давраи кунунӣ бо анвоу ақсоми шеваҳои муттакӣ бар илму густариши абзорҳо, аз ҷумла интернет ва ҳуши маснуӣ (ба унвони намоде аз марҳилаи пасоинтернет) тавсеаи фаровон ёфта, бинобарин ақл ҳам ҳукм мекунад дар муқобили шамшерҳои хунрези таблиғоти душманон, таблиғ авлавияти аввал бошад.

 

Барчасп