Июл 23, 2023 10:15 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Маҳкӯмияти иҳонат ба Қуръони карим аз сӯи давлати Шветсия ба ҳеҷ ваҷҳ кофӣ нест

Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳури Эрон гуфт : Судӯри баёнияи маҳкӯмияти иҳонат ба Қуръони карим аз сӯи давлати Шветсия ба ҳеҷ ваҷҳ кофӣ нест ва ин давлат бояд омилини ин ҷиноятро ба дасти адолат бисупорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сайидиброҳим Раисӣ асри шанбе дар наваду якумин ҷаласаи Шӯрои олии ҳамоҳангии иқтисодии сарони қуво бо маҳкӯм кардани рафтори давлати Шветсия дар баробари ҷинояти иҳонат ба Китоби осмонии мусулмонон, ки мавриди эҳтирому такрими ҳамаи пайравони адёни илоҳӣ аст, гуфт : Ҳамон гуна ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд ин рӯйдод ҳодисаи тавтеъаомез ва хатарофарин аст ва пуштибонии давлати Шветсия аз ин амали ҷинояткорона ба масобаи иттихози ороиши ҷангӣ дар баробари дунёи Ислом маҳсӯб мешавад .
Раисӣ бо ишора ба поён ёфтани мутақобили маъмурияти сафирони Эрону Шветсия дар ду кишвар ва дастури худ ба Вазорати умӯри хориҷа барои мамнӯъияти табодули суфарои ҷадид изҳор дошт : Судӯри баёнияи маҳкӯмияти иҳонат ба Қуръони карим аз сӯи давлати Шветсия ба ҳеҷ ваҷҳ кофӣ нест ва ин давлат бояд омилини ин ҷиноятро ба дасти адолат бисупорад .

 

 

Барчасп