Июл 24, 2023 19:35 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни маҳкум кардани иҳонат ба Қуръони Карим таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон аз тамоми зарфиятҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарии худ барои бархӯрд бо кишварҳову афроди иҳонаткунанда ба Қуръони Карим истифода хоҳад кард.

Носири Канъонӣ дар хусуси иҳонат ба Қуръони Карим гуфт, иҳонат ба Қуръони Карим нақзи ошкори ҳуқуқи дигар миллатҳост.

Канъонӣ афзуд, иҳонат ба муқаддасоти осмонӣ амре ғайриқобили қабул аст ва ин иқдом дар кишварҳое сурат гирифт, ки шаҳрвандони мусулмон доранд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Эрон ба унвони муҳимтарин кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ вокуниши ҷиддӣ нишон додааст ва дархости ташкили иҷлоси изтирорӣ додааст.

Носири Канъонӣ хотирнишон кард, Эрон аз зарфиятҳои байналмилалии хеш барои бархӯрди беэҳтиромӣ ба Қуръон истифода мекунад ва дар иқдоми қаблӣ низ Эрон боиси ташкили нишаст шуд ва ин иқдоми иҳонатгарон маҳкум шуд.

 

Барчасп