Август 01, 2023 10:12 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳодҳои Эрон барои муқобила бо беҳурматӣ ба Қуръони карим дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар нишасти фавқулодаи вазирони умӯри хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ пешниҳодҳои Эрон барои муқобила беҳурматӣ ба Қуръони каримро ироа кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Ҳусайни Амирабдуллоҳиён рӯзи душанбе дар ҳаждаҳумин нишасти фавқулодаи вазирони умӯри хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ, ки ба шакли видеоконфаронс ( бархат ) баргузор шуд, гуфт : Нишасти имрӯзро бояд иқдоме дар тадовуми кӯшишҳои қаблии давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар амри муқобила бо иҳонат ба соҳати муқаддаси Қуръони карим ва арзишҳои дини Ислом дар назар гирифт.
Амирабдуллоҳиён гуфт : Муттаассифона раванди рӯ ба рушди нобурдборӣ ва хушунат алайҳи Ислому мусулмонон дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ ба далели ҳимояти бархе ҷиноҳҳои ҳокимиятӣ аз ин падедаи ғайриинсонӣ ба чолишии асосӣ табдил шудааст.
Вай хотирнишон кард : дар ин замина ، Ҷумҳурии исломии Эрон чанд пешниҳоди мушаххасро ба шарҳи зер матраҳ мекунад :
Аввал ) эъзоми ҳайате аз Созмони ҳамкории исломӣ ба кишварҳои Шветсия ва Дания бо ҳузури дабири кул барои дидор бо мақомоти расмии ин ду кишвар ва интиқоли нигаронии амиқу ҳассосияти болои давлатҳо ва уммати исломӣ дар заминаи иқдомоти муҳини ахир дар ин кишварҳо ва дархости шадидтарин муҷозоти муртакибони аъмоли нафратпароканона ва исломситезонаи ахир дар онҳо ва супурдани муҷримон ба дастгоҳи қазоии кишварҳои исломӣ.
Дувум ) расидагии фаврии Маҷмаъи фиқҳи исломии созмон ба ин мавзӯи муҳим бо дастури кори пешниҳоди роҳкорҳое барои ҷурмингории ин қабил иқдомоти муҳин дар сатҳҳои миллӣ, минтақаӣ ва байналмиллалӣ чӣ дар фазои воқеӣ ва чӣ дар фазои маҷозӣ ва низ оғози  гуфтугӯи байни динҳо бо сарони мазоҳиб дар Шветсияу Дания ё ҳатто дар сатҳи Иттиҳодияи Аврупо ба манзури баҳрабардорӣ аз зарфияти болои ниҳодҳои мазҳабии тарафайн дар ростои муътадил кардани шароити феълӣ.
Амирабдуллоҳиён идома дод : Ҷумҳурии исломии Эрон зимни маҳкумияти шадиди беҳурматӣ ба Қуръони карим бар лузуми иттихози тадобири пешгиронаи ҷамъии муассири кишварҳои исломӣ барои ба даст овардани итминон аз такрор нашудани ҳар гуна тавҳин ё иқдоми тавҳиномез алайҳи Ислом ё соири адёни илоҳӣ ва осмонӣ қавиян таъкид мекунад.

Бештар бихонед :

 

Барчасп