Октябр 14, 2023 16:19 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб дар дидори Шайх Иброҳим Закзокӣ: Фаластин ва Ғазза; мазҳари қудрати Ислом ҳастанд

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар дидори раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия таъкид карданд, Фаластин ва Ғазза; мазҳари қудрати Ислом ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ имрӯз (шанбе) дар дидори Шайх Иброҳими Закзокӣ, раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия ва ҳамсари вай, бо қадрдонӣ аз муҷоҳидатҳои вай ва хонаводааш, қудрати рӯзафзӯни Ислом дар ҷаҳон ба рағми тавтеаҳои густардаро натиҷаи муҷоҳидатҳо донистанд ва бо ишора ба шароити Фаластини ишғолӣ ва бавижа Ғазза гуфтанд: Имрӯз яке аз мазоҳири қудрати Исломи ҳамин масоиле аст, ки дар Фаластин дар ҳоли рӯй доданаст.

Эшон таъкид карданд: Қазоёи рӯзҳои ахири Фаластин бавижа бомбаборонҳо ва шаҳодати занону кӯдакону мардон, дили инсонро маҷрӯҳ мекунад, аммо бахши дигаре аз ин қазоё нишондиҳандаи қудрати бовар накардании Ислом дар Фаластин аст ва бо лутфу инояти Худованди мутаъол ин ҳаракате, ки дар Фаластин оғоз шудааст, ба пеш хоҳад рафту мунҷар ба пирӯзии комили фаластиниҳо хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, хотирнишон карданд: Ҳама дар дунёи Ислом вазифа доранд ба мардуми Фаластин кумак кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ташкили низоми исломӣ дар Эрону шаклгирии ҳукӯмате бар мабнои тафаккури исломи сиёсӣ баъд аз қарнҳои мутамодиро яке аз вуҷӯҳи қудрати Ислом баршумурданд ва таъкид карданд: Ҷумҳурии исломӣ аз замони таъсис токунӯн рӯз ба рӯз қавитар шуда ва дар оянда низ қавитар аз ҳол хоҳад шуд.

Эшон фаъолиятҳои исломӣ дар дунёро рӯз ба рӯз дар ҳоли густариши хонданд ва афзуданд: Имрӯз ҳаракати исломӣ дар нуқоти мухталифи дунё ҳамчун Африқо, Осиё, Аврупо ва шимоли Амрико дар ҳоли густариш аст ва бо инояти Худованд, муваффақиятҳои ин ҳаракат бо қудрати бештарӣ идома хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар бахши дигаре аз суханони худ дидор бо шайхи Закзокӣ ва хонаводаи вайро бисёр хушҳолкунанда хонданду хитоб ба онон гуфтанд: Шумо мисдоқи муҷоҳиди ҳақиқии фисабилуллоҳ ҳастед ва умедворем, ки битавонед муҷоҳидати худро идома диҳед.

Шайх Иброҳими Закзокӣ ва ҳамсари вай низ дар ин дидор бо ибрози хурсандии фаровон аз ин дидор, эҳсосоти худро ғайриқобили тавсиф хонданд ва гуфтанд, умедворем бо дуоҳои ҷаноби олӣ ва талошҳо ва муҷоҳидати мусулмонон, ислом рӯз ба рӯз густариши бештаре биёбад.

 

Барчасп