Феврал 22, 2024 13:08 Asia/Dushanbe
  • Дидори ширкаткунандагон дар Чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим бо Раҳбари муаззами инқилоб
    Дидори ширкаткунандагон дар Чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим бо Раҳбари муаззами инқилоб

Ширкаткунандагон дар Чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд .

Чиҳилумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръон дар ду бахш бонувон ва оқоён дар радаи синнии болои ҳаждаҳ сол дар риштаҳои қироати таҳқиқ , қироати тартил ва  ҳифзи кули Қуръони оқоён ва  қироати тартил ва ҳифзи кули бонувон баргузор шуд .

Дар ин мусобиқоти Ҷумҳурии Исломии Эрон , Малайзия , Миср , Алҷазоир , Арабистон ,Туркия , Индонезия , Лубнон , Ҳинд , Ҳоланд , Олмон , Амрико , Тунис , Русия , Соҳили Оҷ сариланка , Сингапур , Сенегал , Сурия , Ироқ , Канада , Фаластин, Филиппин , Урдун , Покистон , Комор , Биравандӣ , Либиё , Афғонистон , Нигерия , Сумолӣ , Бангладеш , Танзания , Мавритания , Тойланд , Тоҷикистон , Англия , Нигерия , Этиупия , Уганда , Уммон , Бруней , Гамбия ва  Июзиланд ширкат карданд .

Ширкаткунандагон дар ин давра аз мусобиқот , имрӯз ( панҷшанбе ) бо ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дидор карданд .

Хабари машрӯҳи ин дидор пас аз дарёфт аз пойгоҳи итилоърасонии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ мунташир мешавад .