Феврал 26, 2024 18:47 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳён: Идомаи ҷанг дар борикаи Ғаззаи вазъияти инсонӣ дар минтақаро бадтар хоҳад кард
    Амирабдуллоҳён: Идомаи ҷанг дар борикаи Ғаззаи вазъияти инсонӣ дар минтақаро бадтар хоҳад кард

Вазири умури хориҷа Эрон гуфт, режими наслкуши саҳюнист бо идомаи ҷанг дар борикаи Ғазза фақат вазъият бади инсонӣ дар ин минтақаро бадтартар хоҳад кард.

Ба гузориши идораи кули итилоъи расонӣ ва умури сухангуи Вазорати умури хориҷа, Ҳусейн Амирабдуллоҳён вазири умурхориҷаи Эрон дар дидор бо Мерёно Эспулёрик раиси кумитаи байналмилалии салиби сурхи ҷаҳонӣ дар Женева шароити инсонии Фаластинро печида ва бисёр нигарон кунанда хондугуфт : Мутаъасифонаи руйкардҳои сиёсии ғалат то кунун боис шуд ки талошҳои сиёсӣ барои поёни буҳрони Ғазза бенатиҷа боқи бимонад .

Амирабдуллоҳён афзуд: Таҳаввулот майдонӣ дар борикаи Ғаззаи фоҷеъа инсонӣ аст ва таҳдидоти режими Исроил барои ҳамла ба Рафаҳ метавонад абъоди ин фоҷеъаро амиқтар кунад ва як миллиону 400 ҳазор фаластинии овора ва сокин дар Рафаҳро бо таҳдидҳои бисёр ҷадди мувоҷеҳ кунад .

Вазири умурхориҷаи Эрон ҳамчунин бар идомаи талошҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломӣ барои поён додан ба ҷанг дар борикаи Ғазза таъкид кард.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён ва Мирёно Эспулёрик

Мирёна Эспулёрик низ бо қадрдонӣ аз талошҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои кумак ба поёни ҷанг, аз вазъияти вахими инсонӣ дар борикаи Ғаззаи шадидани иброз нигаронӣ кард ва бо ташреҳи талошҳои кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ирсоли кумак ва коҳиши оломи инсони сокинони ин минтақа гуфт: Тамоми талошҳояшро барои басиҷи имконоти баманзӯрии ирсоли кумакҳои инсонӣ ба борӣкаи Ғазза ба кор хоҳад гирифт.

Раиси кумитаи байналмилалии Салиби Сурхи ҷаҳонӣ бо баёни ин ки ҷомеъа ҷаҳонӣ натавонист дар буҳрони борикаи Ғазза аз уҳдаи масъулияти инсонӣ худ барояд дараки ҷомеъаи ҷаҳони нисбат ба шароити нигаронкунанда инсонӣ дар борикаи Ғаззаро хостор шуду гуфт дастраси надоштани сокинони ин минтақа ба обу ғизо ва дору ва имконоти аввалияи дармонии нигарон кунандааст.

Барчасп