Март 09, 2024 18:06 Asia/Dushanbe
  • Эътироз ба императории

Вазири умури хориҷаи Эрон иқдоми ширкати «МЕТА» барои инсидоди сафаҳоти Раҳбари инқилоби исломӣ дар «Инстаграм» ва  «Фейсбук»-ро илова бар нақзи озодии баён, иҳонатомез, ғайриахлоқӣ ва хилофи қоида тавсиф кард.

Ба гузориши Парстудэй, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо нашрияи хабарии Middle East гуфт, шиорҳои озодии баён тавассути бархе муддаиёни ғарбӣ, шиоре намоишӣ ва пӯшише барои аҳдофи номашрӯъи сиёсии онҳо аст.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон

Вай афзуд, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ, расотарин садои ҳомии миллати мазлӯми Фаластину Ғазза дар ҷаҳон аст ва императории "Silicon Valley" наметавонад, монеъ расидани ин садо ба афкори умумии дунё шавад.

Амирабдуллоҳиён тасреҳ кард, аз нишонаҳои фурӯпошии ахлоқу низоми ахлоқии ҷаҳон, рафтори бедалели платформаҳои амрикоӣ дар сензуруи суханони ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ва ҳомиёни мардуми овораи Ғазза ва беш аз 30 ҳазор шаҳиди фаластинӣ дар 5 моҳи ахир аст ва ин ширкат бояд посухгӯи рафтори хилофи қоида ва зиддиахлоқии худ бошад.

 

Барчасп