Март 15, 2024 17:25 Asia/Dushanbe
  • Гуруҳҳои муқовимат ба зудӣ пӯзаи режими саҳюнистиро ба хок хоҳанд молид
    Гуруҳҳои муқовимат ба зудӣ пӯзаи режими саҳюнистиро ба хок хоҳанд молид

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон масъалаи аввали ҷаҳони Исломро масъалаи Ғазза ва Фаластин донист.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ, хатиби ҷумъаи Теҳрон имрӯз бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза, зимни интиқод аз бархе давлатҳои арабӣ гуфт, интизор аст, ки ин давлатҳо робитаашонро бо режими саҳюнистӣ қатъ ва аз миллати Фаластин ва Ғазза ҳимоят кунанд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ афзуд, гуруҳҳои муқовимат дар минтақа посухи муносибе ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ додаанду муқовимат ба зудӣ пӯза (бини)-и ин режимро ба хок хоҳад молид.

Тибқи охирин оморҳо дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри соли 2023 то кунун 31 ҳазору 341 фаластинӣ шаҳид ва 73 ҳазору 134 нафари дигар захмӣ шудаанд, ки бештари онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин дар бахши дигари суханонаш бо ишора ба баргузории дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи интихоботи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ дар рӯзи ҷумъаи 11 исфанд (аввали март) гуфт, мушорикати 41 дарсадии мардуми Эрон дар интихобот ҷиҳоди мақбул буду тамомии тавтеаҳои душманонро зидди низому мардум хунсо кард.

 

Барчасп