Март 29, 2024 18:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори Ҳания бо сарлашкар Боқирӣ
    Дидори Ҳания бо сарлашкар Боқирӣ

Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, посухи режими саҳюнистӣ ба амалиёти “Тӯфони Алақсо” фақат куштори мардуми бегуноҳ, занон, кӯдакон ва хароб кардани бемористонҳову ворид кардани қаҳтиву гуруснагӣ будааст.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи ҷумъа дар дидори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), ки ба Теҳрон сафар кардааст, бо таъкид бар ин ки амалиёти беназири “Тӯфони Алақсо” дар ҳафтуми октябри соли гузашта амалиёти бузурге буд, ки шикасти таъминнопазире ба режими саҳюнистӣ ворид кард, гуфт: Ин амалиёти ғурурофарин афсонаи шикастнопазирии Исроили ҷинояткорро нақш бар об карду Фаластинро ба мавзӯи аввали ҷаҳони Ислом, балки кулли ҷаҳон табдил кард.

Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, агар амрикоиҳо ба режими саҳюнистӣ кумак накарда буданд, яқинан то кунун фурӯпошии ин режими ишғолгар иттифоқ афтода буду он чӣ ки режим саҳюнистӣ тавонист ҷавоб бидиҳад, фақат куштори мардуми бегуноҳ, занону кӯдакон ва хароб кардани бемористонҳову ворид кардани қаҳтӣ ва гуруснагӣ будааст.

Сарлашкар Боқирӣ бо ишора ба муқовимати беназири мардуми Фаластин дар баробари ҳамаи фишорҳои воридшуда афзуд: Мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин тавонистанд қудрати Исломро ба ҳамаи мардуми ҷаҳон нишон диҳанд.

Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки ба баракати ҷиҳоди Фаластин имсол Рӯзи ҷаҳонии Қудс бисёр бошукӯҳтар баргузор хоҳад шуд, афзуд: Ормонҳои Фаластин ҷузъи аслитарин роҳбурдҳову аҳдофи Ҷумҳурии исломии Эрон аз оғози инқилоб то ба имрӯз будааст ва бешак бо тамоми қудрат низ идома хоҳад дошт.

Исмоил Ҳания низ гуфт, масоили ҳошияӣ дар Фаластин боис шуда буд ба хостаҳои мардуми Фаластин таваҷҷуҳе нашавад, вале амалиёти ҳафтуми октябр боис шуд ҳарфи мардуми Фаластин ба гӯши ҷаҳониён бирасад.

Ҳания аз таваҷҷуҳоти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, масъулон ва фармондеҳони Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз ормони миллати Фаластин қадрдонӣ кард.

 

Барчасп