Апрел 01, 2024 17:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони умур хориҷаи Эрону Миср бар ҷилавгирӣ аз таҳоҷуми режими ишғолгари Қудс ба Рафаҳ

Вазирони умури хориҷаи Эрону Миср бар иқдомоти муассири ниҳодҳои байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз таҳоҷуми режими ишғолгари Қудс ба Рафаҳ дар ҷануби Борикаи Ғазза таъкид карданд.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва Сомеҳ Шукрӣ, вазири умӯри хориҷаи Миср рӯзи якшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ зимни баррасии охирин вазъияти таҳаввулоти муртабит бо таҳоҷуми ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза ва ибрози нигаронии шадид аз истимрори куштори занону кӯдакону ғайринизомиёни фаластинӣ ва вазъияти вахими инсонӣ дар ин минтақа, бар идомаи талошҳо ва таҳаррукоти сиёсӣ ва дипломатӣ барои таваққуфи фаврии ҳамалоти ҷунуномези режими Исроил ба Ғазза бавижа иҷрои қатъномаи ахири Шӯрои амнияту лузӯми ирсоли густардаи кумакҳои инсондӯстонаи байналмилалӣ барои сокинони кулли манотиқи Ғазза таъкид карданд.

Вазирони умури хориҷаи Эрону Миср зимни мухолифат бо ҳар гуна тарроҳии саҳюнистҳо барои кӯчи иҷбории мардуми Фаластин аз Борикаи Ғазза, зарурати иқдомоти муассири ниҳодҳои байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз таҳоҷуми режими ишғолгари Қудс ба Рафаҳ дар ҷануби Ғаззаро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Тарафайн таҳаррукоти мусбати моҳҳои ахир дар муносиботи дуҷонибаи Эрону Мисрро низ мавриди баррасӣ қарор дода ва дар хусӯси роҳҳои тавсеаи равобит бар асоси иродаи раҳбарони сиёсии ду кишвар ройзанӣ карданд.

Ба гузориши Идораи кулли иттилорасонӣ ва умури сухангӯии вазорати умури хориҷа, вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар нақши муҳими муқовимат дар Фаластин, дидори расмии ахири Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин аз Теҳронро муҳим ва ҳоизи аҳамият арзёбӣ кард.

 

Барчасп