Апрел 09, 2024 12:11 Asia/Dushanbe
  • Вазири умӯри хориҷаи Эрон : Амрико дар ҳамлаи террористӣ ба бахши консулии сафорати Эрон бояд посухгӯ бошад
    Вазири умӯри хориҷаи Эрон : Амрико дар ҳамлаи террористӣ ба бахши консулии сафорати Эрон бояд посухгӯ бошад

Вазири умӯри хориҷа Эрон гуфт , давлати Амрико дар ҳамлаи террористии режими наслкуши Исроил ба бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия масъӯлият дорад ва бояд посухгӯ бошад .

Ба гузориши Ирно , « Ҳусайн Амирабдуллоҳиён » вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти муштараки хабарӣ бо « Файсали Миқдод » вазири умури хориҷаи Сурия дар Димишқ афзӯд , ҷинояти ҷангии режими ишғолгари саҳюнистӣ бо истифода аз ҳавопаймо ва  мӯшакҳои сохти Амрико дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқи сафҳаи ҷадидӣ аз нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ масӯниятҳои афроду амокини дипломотик дар ҷаҳон дорад ва режими наслкуши саҳюнистӣ танбеҳ хоҳад шуд .

Амирабдуллоҳиён афзӯд , мувофиқат накардани Амрико ва ду кишвари аврупоӣ барои судӯри баёнияе дар маҳкумияти нақзи Конвенсияҳои Вена ва  ҳамлаи режими ҷаълии саҳюнистӣ ба сафорати Эрон дар Димишқ нишонаӣ аз чароғи сабзи Амрико ба режими ҷинояткори саҳюнистӣ барои муртакиб шудани ин ҷурм аст ва  Амрико ба далели ин рафтор ва  ҳимоят аз ҷинояти режими ғосиби саҳюнистӣ бояд посухгӯ бошад .

Амирабдуллоҳиёни афзӯд , гуфтугӯҳои хубӣ бо раиси Ҷумҳури Сурия дошта ва иловабар мавзӯъоти дуҷониба , масоили минтақаӣ  ва байналмилалӣ ва ба вижа ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ҷинояти террористии режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ мавриди баррасӣ қарор гирифт .

« Файсали Миқдод » низ гуфт , режими наслкушии Исроил бар асоси нафрат , кина ва таҷовузи банно шуда ва дар ҳамла ба борикаи ғҒзза низ иқдом ба ҳар ҷиноятӣ кардааст .

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ рӯзи ( душанбе якуми апрели 2024 ) бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор доданд .

Бар асари ин таҷовуз сездаҳ нафар аз ҷумла ҳафт нафар аз аъзои дипломотик ва нерӯҳои вобастаи низомии Эрон ба шаҳодати расиданд .

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар дуюмин мақсади сафари минтақаии худ вориди Димишқ , пойтахти Сурия шуд ва дар аввалин барномаи кории худ бо « Файсали Миқдод » вазири умӯри хориҷа ва « Башшор Асад » раиси Ҷумҳурии Сурияи дидор ва гуфтугӯ кард .

Барчасп