Июн 12, 2024 20:09 Asia/Dushanbe
  •  Баргузории шаби Садруддин Айнӣ бо ҳузури пажӯҳишгарон аз Эрон ва Тоҷикистон

Дар ин маросим ҳамчунин китобҳои «Ахгари инқилоб» ба кӯшиши Ораши Эронпур ва «Таърихи иҷтимоии Бухоро » бар асоси ёддоштҳои Садруддин Айнӣ ба кӯшиши Озито Ҳамадонӣ рӯнамоӣ мешавад. Китоби «Тоҷикони Вароруд; Аз 1860 то 1924»-таълифи Намоз Ҳотам дар соли 1400 ба кӯшиши Эронпур мунташир шуд.

Маҷаллаи Бухоро дар идомаи силсилашабҳои Бухоро мизбони шаби Садруддин айнӣ, аз мафохири адабии забони форсии Бухоро ва Тоҷикистон аст.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин маросими сешанбе 18 июн бо ҳузур ва суханронии Низомуддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ва шахсиятҳои фарҳангӣ аз ҷумла Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Алии Деҳбошӣ, мудири масъули маҷаллаи дар Хонаи ҳунармандони Эрон баргузор мешавад.

Садруддин Айнӣ аз бузургтарин нависандагон ва адибони забони форсӣ- тоҷикӣ дар оғози садаи бистум ва нахустин раиси Академияи улум Тоҷикистон (1951 то 1954 мелодӣ) будааст.Айнӣ яке аз нахустин сарояндагони шеъри нави форсӣ-тоҷикӣ ва аз пешгомони адабиёти навини форсӣ- тоҷикии Вароруд ба шумор меояд.

 Аз ҷумлаи осори ин чеҳраи шаҳири Бухоро ва қаламрави Эрони фарҳангӣ метавон ба «Қасида дар васфи Самарқанд ва Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Таърихи амирони манғития», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Ёддоштҳо», «Ҷаллодони Бухоро» ва «Одина» ишора кард.

 

Барчасп