Дидори раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлати чаҳордаҳум бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
Август 27, 2024 15:17 Asia/Dushanbe
Шабакаи Саҳоб-ҳамзамон бо ҳафтаи давлат, раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлати чаҳордаҳуми Эрон барои нахустинбор бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.
Маҳмадали Раҷоӣ раиси ҷумҳурӣ ва Муҳаммадҷаводи Боҳунар нахуствазири Эрон соли 1981 дар инфиҷори террористии дафтари нахуствазирӣ аз суи аносури гуруҳаки террористии мунофиқин ба шаҳодат расиданд.
Барои гиромидошти ёду хотираи ин шаҳидони 22 то 28 август ҳафтаи аввали шаҳривар ба унвони ҳафтаи давлат номгузори шуда аст.