Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Ҳамлаи террористии Теҳрон дар азми миллати Эрон халале эҷод намекунад
(last modified Fri, 09 Jun 2017 11:09:13 GMT )
Июн 09, 2017 16:09 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Ҳамлаи террористии Теҳрон дар азми миллати Эрон халале эҷод намекунад

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон дар пайи амалиёти террористии ахир дар Теҳрон дар паёми таслиятие таъкид карданд, ин ҷиноёт дар азми миллати Эрон халале эҷод намекунад.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём навиштанд: «Амалиёти террористии рӯзи чаҳоршанбе (7 июн) дар марқади ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) ва Маҷлиси Шӯрои Исломӣ нишонаи ошкоре аст аз кина ва душмании хабосатолуди муздурони истикбор бо миллати шарифи Эрон ва бо ҳар он чӣ марбут ба инқилоб, низоми исломӣ ва раҳбари фақиди азим-уш-шаъни он аст».

Мақоми муаззами раҳбарӣ дар ин паём таъкид карданд, ин гуна ҷиноёт, ки ҳокӣ аз хабосат ва дар айни ҳол ҳақорати наззорагарону низ омирону мусаббабони он аст, басе кӯчактар аз он аст, ки дар азми миллати Эрон халале эҷод кунад. Раҳбари муаззами инқилоб афзуданд, натиҷаи қатъии ин ҷиноятҳо чизе ҷуз афзоиши нафрат аз давлатҳои Амрико ва авомили онон дар минтақа, чун режими Оли Сауд нест ва миллати Эрон муттаҳид ва бо азми росих ба пеш хоҳад рафт. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поёни ин паём бо гиромидошти ёди шаҳидони ин ҳамла террористӣ беҳбуди ҳоли маҷрӯҳон ва осебдидагонро аз Худованди мутаол масъалат карданд.

Ҳамалоти субҳи чаҳоршанбеи аносири вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Теҳрон 17 шаҳид ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт.

 

Барчасп