Ноябр 05, 2017 19:50 Asia/Dushanbe
  • Сафири Белгия дар Эрон: Иттиҳоди Аврупо дар паи ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон аст

Франсуа Делхое, сафири Белгия дар Эрон гуфт: Иттиҳоди Аврупо дар паи роҳҳоест, то аз манофеи ширкатҳои худ дар ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон муҳофизат кунад.

Франсуа Делхое пас аз дидор бо Ғуломҳусайни Шофиӣ, раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон афзуд: Иттиҳоди Аврупо бо ҷиддият дар паи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷроӣ шудани мафоди тавофуқномаи ҳастаии Эрон барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) аст .

Рене Брандерс, раиси Федератсияи утоқҳои бозаргонии Белгия ҳам гуфт: Тақозо барои сармоягузории белгиявиҳо дар Эрон афзоиш ёфта ва кишвараш дар паи муаррифии фурсатҳои сармоягузорӣ дар Эрон аст .

Раиси Федератсияи утоқҳои бозаргонии Белгия афзуд: Кишвараш метавонад бо ҳидояти сармоягузорони белгиявӣ ба Эрон дар иртиқои фанноварӣ, саноеъ ва ҳамчунин дар бозорҳои минтақаӣ саҳм дошта бошад .

Ҳайъати 60 нафараи иқтисодӣ ва тиҷории Белгия дар сафари чаҳоррӯза ба Эрон, заминаҳои тавсеаи ҳамкорӣ бо тарафҳои эрониро дар шаҳрҳои Теҳрон (пойтахти Эрон), Исфаҳон (маркази Эрон) баррасӣ хоҳад кард .

 

Барчасп