Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон бо ин давлат ва раиси ҷумҳурии Амрико музокира намекунад
(last modified Fri, 03 Aug 2018 11:32:28 GMT )
Август 03, 2018 16:32 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон бо ин давлат ва раиси ҷумҳурии Амрико музокира намекунад

Хатиби намози ҷумъа Теҳрон гуфт: Амрикоиҳо аҳли музокира нестанд ва агар як рӯз бино бар музокира буд бо ин давлат ва раиси ҷумҳурии Амрико имкони музокира нест.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намозии ҷумъаи Теҳрон, дар бораи пешниҳоди раиси ҷумҳурии Амрико барои музокираи бидуни пешшарт бо Эрон, афзуд: Хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ имкони ҳар гуна музокира бо давлати кунунии Амрикоро ғайримумкин сохтааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико 30 июли муддаӣ шуда буд, омодаи музокира бо Эрон «бидуни пешшарт» аст.

Авомфиребии Трамп дар ҳоле аст, ки вай 8 май бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон ва хуруҷи Вашингтон аз БАРҶОМ, бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ зидди Эронро эълом кард.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба Рӯзи ҳуқуқи башари исломӣ (5 август) хотирнишон кард: Ислом бар ҳақ буда ва ҳуқуқи башараш бар ҳақ аст, дар ҳоле, ки бархе кишварҳо фақат муддаии ҳуқуқ башар ҳастанд ва бо бомбаборонҳои химиёвӣ ва ба қатл расондани мардуми бегуноҳ, расвоии худро нишон медиҳанд.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар идомаи пирӯзиҳои артиши Сурия ва Яман дар ҷанг бо террористҳоро пирӯзии озодӣ ва шикасти Амрико ва Исроил донист ва гуфт: Ба зудӣ зарбаи ниҳоӣ ба террористҳои мавриди ҳимояти Арабистон ворид хоҳад шуд.

 

Барчасп