Намояндаи Эрон дар Созмони милал: Режими Саудӣ абзори ваҳшонияти худро аз шамшер ба арра тағйир додааст
(last modified Sun, 18 Nov 2018 12:37:54 GMT )
Ноябр 18, 2018 17:37 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар Созмони милал: Режими Саудӣ абзори ваҳшонияти худро аз шамшер ба арра тағйир додааст

Намояндаи Эрон дар Кумитаи севуми Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар посух ба ёвагӯии намояндаи Арабистон гуфт: Мафияи ваҳшӣ ва бегона аз тамаддун, режими Саудиро идора мекунад, ки абзори ваҳшонияти худро аз шамшер ба арра тағйир додааст.

Ба гузориши ИРНА, намояндаи Эрон дар Кумитаи севуми Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид  дар посух ба изҳороти бепояи намояндаи Саудӣ гуфт: Ҳатто заррае наҷобат бояд сабаб мешуд, то Арабистон сукут ихтиёр кунад ва дар бораи ҳуқуқи башар дар Эрон сӯҳбат накунад.

Абдуллоҳ ал-Муаллимӣ намояндаи Арабистон дар Созмони милал дар нишасти рӯзи панҷшанбе Кумитаи севуми Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид, ки ба пешниҳоди Канада дар бора масъалаи ҳуқуқи башар дар Эрон баргузор шуд, суханони зиддиэронӣ баён кард.

Дипломати эронӣ бо баёни ин ки ДИИШ маҳсули ифротгароии Саудӣ аст, изҳор кард: ДИИШ кӯдаконро дар Сурия гаравгон мегирад ва устодаш Саудӣ, онҳоро дар Яман мекушад ва ин нишон медиҳад ҳар ду аз як тафаккур нашъат мегиранд ва реша дар як ҷаҳонбинӣ доранд.

Намояндаи Эрон дар Кумитаи севуми Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид тасреҳ кард: Ваҳобизми арабистонӣ тағзиякунандаи Алқоида, Толибон, ДИИШ ва бақияи гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон ҳастанд ва намунаи он ин аст, ки ДИИШ мақомоти худро бо китобҳое омузиш медод, ки поягузорони андешаҳои такфирии Саудӣ онҳоро навишта буданд.

 

Барчасп