Таъкиди хатиби ҷумъаи Теҳрон бар ҳалли мушкилоти маишатии мардум
Декабр 13, 2019 17:59 Asia/Dushanbe
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бар лузуми ҳалли мушкилоти маишатии мардуми Эрон таъкид кард.
Оятуллоҳ Муҳаммадали Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тавтеаҳои душманон барои зарба задан ба иқтисоди Эрон гуфт, душманон бо таҳрим ба аҳдофи шуми худ нахоҳанд расид.
Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ таъкид кард, масъулони Эрон бояд бо тадобир тавтеаҳои душманро ноком бигузоранд.
Намозгузорони теҳронӣ низ бо сар додани шиорҳое сиёсатҳои хасмонаи Амрико зидди миллати Эронро маҳкум ва бар идомаи истодагӣ ва муқовимат то шикасти тавтеаҳои душманон таъкид карданд.