Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Инқилоб монеи султаи Амрико ва саҳюнистҳо бар ҷаҳони Ислом шуд
(last modified Fri, 07 Feb 2020 12:03:21 GMT )
Феврал 07, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Инқилоб монеи султаи Амрико ва саҳюнистҳо бар ҷаҳони Ислом шуд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, агар инқилоби исломӣ набуд, имрӯз Амрико ва режими саҳюнистӣ бар Эрон ва ҷаҳони Ислом султа доштанд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки инқилоби исломии Эрон монеи таҳаққуқи аҳдофи шуми мустакбирон шуд, изҳор дошт, ҳамзамон бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, мардуми минтақа ва кишварҳои исломӣ низ дар муқобили тавтеаҳои саҳюнистҳо ва амрикоиҳо дар минтақа муқовимат ва истодагӣ карданд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо таъкид бар ин ки тарҳи “Муомилаи қарн” дар воқеъ расвоӣ ва зиллати қарн барои Амрико ва режими саҳюнистӣ аст, афзуд, мардуми минтақа ва Фаластин бо ин тарҳи амрикоӣ- саҳюнистӣ муқобила хоҳанд кард.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ахиран аз тарҳи созиши худ мавсум ба “Муомилаи қарн”, ки шомили илҳоқи комили Қудс ва шаҳракҳои мавҷуд дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба режими саҳюнистӣ ва нодида гирифтани ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ аст, рӯнамоӣ кард.

 

Барчасп