Май 23, 2020 11:24 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Эрон: Омилони ҷиноёти таҳрим, ҳамон ҷое дар таърих мераванд, ки Садом рафт

Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Омилони ҷиноёти таҳрим, ҳамон ҷое дар таърих мераванд, ки Садом, диктатори режими "Баъс"-и Ироқ рафт.

Вазорати умури хориҷаи Эрон ба муносибати севвуми хурдод, солрӯзи озодии Хуррамшаҳр дар фазои маҷозӣ навишт: Муқовимати миллати Эрон, нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва ҷиноёти ҷангии режими Садом дар бомбаборон кардани шаҳрҳо ва қатли мардуми бегуноҳро ба шикаст кашонид.

Имрӯз, сешанбе, севвуми хурдод (23 май), солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр, ҷануби ғарби Эрон дар соли 1982 аст. Ин рӯз дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони рӯзи муқовимат, ийсор ва пирӯзӣ номгузорӣ шудааст.

Озодсозии Хуррамшаҳр, аз муҳимтарин аҳдофи амалиёти "Байтулмуқаддас" дар соли 1361 (1982), дар ҷанги таҳмилии Ироқ бо Эрон буд, ки ин шаҳр пас аз 578 рӯз аз ишғоли режими "Баъс"-и Ироқ озод шуд.