Июл 02, 2020 19:51 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Эрон: Халиҷи Форс муддатҳост шоҳиди ҷиноёти Амрико дар минтақа аст

Вазорати умури хориҷаи Эрн дар солрӯзи соқит кардани амдии ҳавопаймои мусофирбарии Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард: Халиҷи Форс муддатҳост шоҳиди ҷиноёти Амрико дар минтақа аст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер, дар посух ба ин суол, ки ҳуқуқи башари амрикоӣ чист, навишт: Ҳуқуқи башари амрикоӣ, тааҳҳуди беназир ба куштани инсонҳо аст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эъломи ин, ки 32 сол пеш Амрико амдан ҳавопаймои мусофирбарии эрониро соқит кард, тасреҳ кард: Дар ин ҳодиса 290 нафар кушта шуданд, аммо то кунун Амрико на узрхоҳӣ карда на шарманда шудааст.

Бар асари шиллики мушаки нови ҷангии "Винсенс"-и Амрико ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар июли 1988, ки аз Бандар-Аббос, ҷануби Эрон ба мақсади Дубай дар ҳоли парвоз буд, ҳамаи 290 нафар мусофири он, аз ҷумла 66 кӯдак ва 53 зан ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп