Май 27, 2021 17:18 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ : Агар номзадҳо мардумро қонеъ кунанд,ки қодир ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ҳастанд мушорикат боло меравад

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ хитоб ба мардум фармуданд : Касе ки дилсӯзи мардум аст мардумро аз рафтани пои сандӯқи раъй, манъ намекунад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муъаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз ( панҷшанбеи 6 хурдод ) дар дидори тасвирӣ бо раис ва намояндагони Маҷлиси шӯроии исломӣ дар суханони муҳимме дар бораи масоили ахири интихобот, баёни роҳи ҳалҳои айнӣ ва воқеӣ дар бораи мушкилоти иқтисодӣ ва маъишатии мардум дар барномаҳои интихоботии номзадҳоро омили аслӣ дар афзоиши ангезаи мушорикат дар интихобот хонданд ва бо табйини боядҳо ва набоядҳои рақобатҳои интихоботӣ таъкид карданд : Асари натиҷаи интихобот солҳо бар зиндагии мардуму кишвар сояафкан хоҳад буд ва умедворем интихоботи 28 хурдод бархилофи хостаи душманон мояи обрӯ,иззат ва сарбаландии Эрон бишавад .

Ишон дар ин дидор, ки дар оғози дувумин соли фаъолияти маҷлиси ёздаҳум сурат гирифт, ҳамчунин бо баёни тавсияҳое ба намояндагони миллат дар Маҷлиси шӯрои исломӣ барои идомаи вижагиҳое назири « ҳаракати инқилобӣ ва хирадмандона », « талоши бевақфа » ва « коромадӣ ва мардумӣ будан » афзуданд : Ҳамаи маҷолис  ҳамон гуна ки Имоми бузургвор фармуданд бояд худро усораи фазоили  дурахшону мутаъаддиди миллат қарор диҳанд . Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба таъиди салоҳияти номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ аз ҷониби Шӯрои Нигаҳбон гуфтанд : Ман лозим медонам аз ҳамаи касоне, ки бар асоси эҳсоси масъулият  вориди арсаи интихобот шуданд, ташаккур кунам ва ҳамчунин аз касоне, ки салоҳияти онҳо эҳроз нашуд ва наҷибона бархурд ва мардумро даъват ба ширкат дар интихобот карданд, ба тавр музоъаф ташаккур мекунам . Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд : Таъиди салоҳият нашудани бархе афрод ба маънии бесалоҳиятии онон нест, балки ба ин маъно аст, ки Шӯрои Нигаҳбон бо тавваҷуҳ ба гузоришҳо, имконот ва ошноиҳои худ натавониста салоҳияти он фардро ташхис диҳад, агарчӣ мумкин аст он фард салоҳияти болое ҳам дошта бошад. Ишон бо ишора ба бархе эътирозҳо ба Шӯрои Нигаҳбон афзуданд : Албатта ангезаи ин эътирозҳо мутафовит аст . Бархе эътирозҳо аз сари дилсӯзӣ ва ба далели нигаронӣ аз мушорикати поин матраҳ мешаванд ва бархе ҳам ба далели он ки  номзади мавриди назарашон  эҳрози салоҳият нашуда гиламанд ва нороҳат ҳастанд, аммо бархе бо асли Шӯрои Нигаҳбон мухолифанд ва бо матолиби худ дар фазои маҷозӣ ва матбуот, мехоҳанд аз ин фурсат барои интиқом аз Шӯрои Нигаҳбон истифода кунанд, ки Худованд аз ин афрод нахоҳад гузашт . Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар бораи бархе нигарониҳо аз эҳтимоли мушорикати поини мардум дар интихоботи 28 хурдод ، гуфтанд : Ман муътақидам мизони мушорикати мардум иртиботе бо ин исм ё он исм надорад, балки мардум ба дунболи фарде ҳастанд, ки дорои мудирият ва иродаи қавӣ ва коромадии боло барои ҳалли мушкилоти кишвар бошад ва барои мардум ҳам муҳим нест, ки ин фард чӣ унвоне дорад ва ё аз чӣ ҷиноҳӣ аст, албата шояд ин мавзӯъ барои гурӯҳҳои сиёсӣ муҳим бошад, вале барои омма ин гуна нест .

  Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба мухолифати душманон бо интихобот аз ибтидои пирӯзии инқилоб бахусӯс баъд аз тағйири Қонуни асосӣ ва супурда шудани вазоифи иҷроии идораи давлат ба раиси ҷумҳӯр, гуфтанд : Дар ин 42 сол дастури кори таблиғотии душманон ин гуна буда, ки қабл аз интихобот мегӯянд мардум ширкат нахоҳанд кард, баъд аз ширкати мардум дар интихобот мегӯянд интихобот муҳандисӣ шуда буд ва дар мавриди фарди интихобшуда ба унвони раиси ҷумҳӯр ҳам мегӯянд ӯ ихтиёре надорад . Ишон таъкид карданд : Бо вуҷуди ҳамаи ин душманиҳо ва таблиғот вазифаи ҳама он аст, ки ҳар ончи  таклифи шаръӣ ва ризои Худованд аст дунбол кунему вазифаи худро анҷом диҳем .

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп