Июл 14, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Тарҷумаи китоби “Дидгоҳи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи масоили ҳуқуқи башарӣ” ба забони озарӣ

Китоби “Дидгоҳи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи масоили ҳуқуқи башарӣ” ба ҳиммати вобастагии фарҳангии сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Нахҷавон ба забони озарӣ тарҷума ва мунташир шуд.

Абулфазли Рабеӣ, вобастаи фарҳангии сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Нахҷавон гуфт: Ҳифзи ҳуқуқи башар ва каромати инсонӣ, аз мабоҳиси асосӣ ва мавриди тааммул дар ҳар ҷомеае аст. Давлатмардони кишварҳои мухталиф, ҳар як ба гунае саъй доранд ҳатто дар зоҳир дам аз он бизананд.

Вай афзуд: Раҳбари муаззами инқилоб дар баёноти мухталифи худ ва дар маросими гуногун дидгоҳи худро нисбат ба ин амри муҳим ошкор карда ва ба гӯши ҷаҳониён рисонидаанд. Дар ин китоб баёноту дидгоҳҳои ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи ҳуқуқи башар ва бархе мавориди нақзи он тавассути бузургтарин муддаии дурӯғини ҳуқуқи башар, яъне Амрико таҳия шудааст.

Рабеӣ гуфт: Бар асоси баёноти Раҳбари муаззами инқилоб, амрикоиҳо ҳақ надоранд номи ҳуқуқи башарро бар забон ҷорӣ кунанд. Касоне, ки лаккаи нанги корҳое аз қабили зиндони Гуантанамо ва Абуғурайб ва бомбаборони манотиқи маскунӣ дар Ироқу Афғонистон ва ҷоҳои дигар рӯйи пешонии онҳост, мазҳари нақзи ҳуқуқи башар худи онҳо ҳастанд, инҳо вақоҳат доранд, ки боз ҳам аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд. Кишварҳоро муттаҳам мекунанд ба ҳимоят аз терроризм. Террористҳо зери боли худи амрикоиҳо рушд кардаанд.

Ин китоб ба ҳиммати вобастагии фарҳангии сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Нахҷавон тарҷума шудааст. Алоқамандон метавонанд бо муроҷиа ба адреси https://nakhchivan.icro.ir файли электронии ин китобро дарёфт кунанд.

 

Барчасп