Поёни кори занони ҳандболи Эрон бо касби саҳмияи ҷаҳонӣ ва мақоми чаҳоруми Осиё
(last modified Sun, 26 Sep 2021 05:18:04 GMT )
Сентябр 26, 2021 10:18 Asia/Dushanbe
  • Поёни кори занони ҳандболи Эрон бо касби саҳмияи ҷаҳонӣ ва мақоми чаҳоруми Осиё

Тими миллии ҳандболи занони Эрон дар ҷойгоҳи чаҳоруми ҳаждаҳумин давраи рақобатҳои ҳандболи қаҳрамонии занони Осиё истод .

Ба гузориши ИРНА, тим(даста)и миллии ҳандболи занони Эрон барои нахустин бор бо роҳёбӣ ба ҷамъи 4 тими бартари рақобатҳои ҳандболи қаҳрамонии занони Осиё, ҳамчунин саҳмияи ҳузур дар рақобатҳои қаҳрамонии Испанияро ба даст овард .
Касби саҳмияи ҷаҳонӣ, роҳёбӣ ба ҷамъи чаҳор тими бартар ва ҳузур дар ниманиҳоии рақобатҳои Осиёӣ барои нахустин бор- беҳтарин амалкарди тими миллии ҳандболи занони Эрон дар майдонҳои Осиё маҳсуб мешавад .
Ҳаждаҳумин давраи рақобатҳои ҳандболи қаҳрамонии занони Осиё ба мизбонии Урдун баргузор шуд .

 

Барчасп