Октябр 03, 2021 14:09 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб : Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳисори мустаҳкам баробари таҳдидҳои сахти душманон ҳастанд

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : Неруҳои мусаллаҳи мо ҳисори мустаҳкаму сипари дифоии кишвар дар баробари таҳдидҳои сахти душманони берунӣ ва дарунӣ ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии неруҳои мусаллаҳ дар Донишгоҳи афсарӣ ва тарбияти посдории Имом Ҳусайн алайҳис-салом баргузор шуд .

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ аз тариқи тасвирӣ бо ин маросим дар иртибот буданд ва барои афсарону донишҷӯён суханронӣ карданд .
Фармондеҳи муъаззами кулли қуво дар ин маросим афзуданд : Ифтихори неруҳои мусаллаҳи мо ин аст, ки неруҳои мусаллаҳ дар кишвари азизи мо ҳисору қалъаи мустаҳкаме барои кишвар ва миллат ҳастанд . Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : Имрӯз созмонҳои неруҳои мусаллаҳ, артиш,сипоҳ,неруи интизомӣ, Басиҷ ба маънои воқеии калима сипари дифоӣ дар баробари таҳдидҳои сахти душманони берунӣ ва дарунӣ ҳастанд.

Ишон тасреҳ карданд : Амнияти як кишвар барои ҳамаи фаъолиятҳо дар ҷиҳати пешрафт зерсохти асосӣ аст ; амният муҳимтарин масаълае аст, ки дар нигоҳ ба неруҳои мусаллаҳ бояд мавриди тавваҷуҳ қарор бигирад.

Хабари такмилӣ пасонтар мунташир мешавад .

 

Барчасп