Октябр 21, 2021 10:44 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми меҳмонони конфронси Ваҳдати исломӣ ба мақоми Имом Хумайнӣ (раҳ.)

Меҳмонони хориҷии ширкаткунанда дар 35-умин Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ”, ба мақоми шомихи бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, адои эҳтиром карданд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Ҳамиди Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва ҷамъе аз уламои 11 кишвари исломӣ ба ҳамроҳи меҳмонони хориҷии ширкаткунанда дар 35-умин Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” бо шиори «иттиҳоди исломӣ; сулҳ ва парҳез аз тафриқа ва низоъ дар ҷаҳони Ислом», рӯзи чаҳоршанбе ба мақоми шомихи имом Хумайнӣ (раҳ) адои эҳтиром карданд.

Ширкаткунандагон дар ин маросим, зимни нисори тоҷи гул ва қироаати сураи “Фотиҳа” ба мақоми шомихи бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон адои эҳтиром карданд.

35-умин Конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ, 27 меҳр то 2 обон ҳам замон бо “ҳафтаи Ваҳдат” баргузор мешавад.

Ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур, эҷоди иттиҳоду ҳамбастагӣ дар байни мусулмонон, ҳамфикрии уламо ва донишмандон ҷиҳати тақриби дидгоҳҳои илмӣ ва фарҳангии онон ва низ баррасӣ ва ироаи роҳкорҳои амалӣ ҷиҳати дастёбӣ ба ваҳдати исломӣ ва ташкили уммати ягона дар ҷаҳони Ислом ва ҳалли масоил ва мушкилоти мусулмонон ва ироаи роҳкорҳои муносиб дар ин хусус аст.

 

Барчасп