Паёми вазири фарҳанги Эрон ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии Тоҷикистон ва Эрон
(last modified Fri, 14 Jan 2022 12:14:36 GMT )
Январ 14, 2022 17:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми вазири фарҳанги Эрон ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии Тоҷикистон ва Эрон

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон паёме содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, матни паёми Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ ба шарҳи зер аст:

Равобити расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон 30 сола шуд. Ҷумҳурии исломии Эрон ин ифтихорро дорад, ки ба унвони аввалин кишваре, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт, худро аввалин дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламдод кунад.

Иштирокоти фарҳангии ду кишвар реша дар аъмоқи таърих дорад ва ба дасти номовароне чун Фирдавсӣ ва Камоли Хуҷандӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тасбит шудааст. Азми имрӯзи раисони ҷумҳурии ду кишвар ҷаноби оқои оятуллоҳ Раисӣ ва ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон бар густариши равобити ҳамаҷониба нишон аз вафодории ҳар ду кишвар бар иштирокоти фарҳангӣ дорад. Забони ширини форсӣ, миллати ҳар ду кишварро бо ҳикматҳои фаровон ошно сохтаву нуқтаи пайванди авотифу эҳсосоти ин ду миллати бузург аст.

Инҷониб зимни табрики самимонаи сиюмин солгарди оғози равобити дипломатии ду кишвар, омодагии ҳамаҷонибаи кишварамро барои тавсеаи равобити фарҳангӣ ва ҳунарӣ эълом мекунам ва дасти ҳамкорони тоҷики худро бо самимият мефишорам.

 

Барчасп