Ноябр 16, 2016 17:36 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи натиҷаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Амрико гуфтанд: Мо ҳеҷ қазовате дар бораи ин интихобот надорем. Дар 37 соли гузашта ҳар як аз ду ҳизбе, ки дар Амрико бар сари кор будаанд, ҳеҷ хайре ба миллати Эрон нарсида ва доимо шарри онҳо мутаваҷҷеҳи миллати Эрон будааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз, чаҳоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми шаҳри Исфаҳон афзуданд: Бар хилофи иддае, ки дар дунё барои натиҷаи интихоботи Амрико азо гирифтаанд, ё иддаи дигаре, ки шодӣ мекунанд, мо на азо мегирем ва на шодӣ мекунем, зеро барои мо фарқе намекунад ва ҳеҷ нигаронӣ ҳам надорем ва ба лутфи илоҳӣ, барои мувоҷиҳа бо ҳар ҳодисае низ омодаем.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба мабоҳисе, ки дар бораи мушкилот ва воқеиятҳои даруни ҷомеаи Амрико дар рақобатҳои интихоботи ахири ин кишвар матраҳ шуд, афзуданд: Фарде, ки ба унвони раиси ҷумҳурии Амрико интихоб шудааст, дар рақобатҳои интихоботӣ гуфт, агар пулеро, ки дар ин чанд сол харҷи ҷанг кардем, барои дохили Амрико истифода мекардем, метавонистем кишварро ду бор бисозем. Оё он касоне, ки маҷзуби он нуқтаи хаёлӣ ҳастанд, маънии ин суханонро мефҳманд?

Эшон афзуданд: «Амрико дар солҳои охир пули мардуми ин кишварро сарфи ҷангҳои ғайришарофатмандонае кард, ки натиҷаи он, куштори даҳҳо ҳазор ғайринизомӣ ва нобудии зерсохтҳо дар Афғонистон, Ироқ, Либия, Сурия ва Яман аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, дар сурати истеҳкоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва истеҳкоми руҳӣ ва равонии нухбагон ва масъулони аршад, ҳеҷ хатаре кишварро таҳдид нахоҳад кард.

 

Барчасп