Апрел 09, 2022 18:28 Asia/Dushanbe
  • Судури визаи ройгони Вазорати умури хориҷаи Эрон барои шаҳрвандони хориҷӣ дар замони баргузории Ҷоми Ҷаҳонии Қатар
    Судури визаи ройгони Вазорати умури хориҷаи Эрон барои шаҳрвандони хориҷӣ дар замони баргузории Ҷоми Ҷаҳонии Қатар

Вазорати умури хориҷаи Эрон ба манзури ташвиқи шаҳрвандони хориҷии ширкаткунанда дар Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар пешниҳод кард барои мутақозиёни сафар ба Эрон дар он замон визаи ройгон содир шавад.

Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар аз 21 ноябри соли 2022 оғоз хоҳад шуд. Вазорати умури хориҷаи Эрон ба манзури ташвиқи шаҳрвандони хориҷии ширкаткунанда дар Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар пешниҳод кард барои мутақозиёни сафар ба Эрон дар он замон виза ройгон содир шавад.

Бар асоси ин тарҳи пешниҳодӣ, шаҳрвандони кишварҳое, ки тимҳои футоли онҳо муваффақ ба суъуд ба Ҷоми Ҷаҳонии футболи 2022 Қатар шуда аст метавонанд дархости раводиди ройгони Эрон барои як ё ду бор вуруд ва беш аз он ба муддати эътибори думоҳа ва иқомати 20 рӯза аз тариқи сабти дархост ироа кунанд.

Шаҳрвандони тамоми кишварҳо ба ҷуз шаҳрвандони Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Бангладеш, Сумолӣ, Шри-Ланка, ки тобоеъи шароити раводиди ҷаҳонгардӣ буда ва ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Амрико, Англия ва Канада, ки раванди ахзи раводиди онҳо монанди қабл аз тариқи дархости қаблӣ ва анҷоми баррасиҳои лозим дар Эрон хоҳад буд, дар сурати ироаи билет аз мабдаи Давҳа метавонанд аз тариқи сабти дархост ва дарҷи тасвири билет дар сомона дар маҳали дар назар гирифташуда дархости раводиди ройгони як бор, ду бор вуруди мутаъадид бо маддати эътибори думоҳа ва иқомати 20 рӯзаро дошта бошанд.

Тими миллии футболи Эрон низ барои шашумин бор ба рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ суъуд карда аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп